Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои узви СММ бахшида ба муколамаи тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳо

13.09.2005 05:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷанобони аълоҳазрат!

Хонумҳо ва ҷанобон ҳамаи мо дар даврае зиндагӣ мекунем, ки проблемаҳои замони имрӯза амалан тамоми соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтаанд ва ҳеҷ кас, на ягон халқ ва на ягон давлат, балки қитъаҳо ва минтақаҳои калонтарин ҳам онҳоро танҳо бо қувваю имкониятҳои худ ҳал карда наметавонанд. Чунин дарки нави проблемаҳо барои рушд ва ташаккули ҳар фарди алоҳида ва ҷомеаи ҷаҳон имкониятҳои беҳмаҳдудро муҳайё сохт, вай дар баробари ин нишон дод, ки тамоми тамаддуни мо ба таҳдидҳои дорои хусусияти умумибашарӣ муқовимат карда наметавонад.

Дар чунин шароит муколамаи фарҳангҳо, мубодила ва ғанӣ гардонидани онҳо бо таҷрибаи дар давоми ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният шарти асосии густариши минбаъда ва манбаи таъмини тавозуни зиндагӣ ва сулҳи саросари ҷаҳон мебошад. Чанд сол пеш, вақте ки дар доираи СММ дар бораи эълон кардани Соли байналхалқии муколамаи тамаддунҳо қарор қабул карда мешуд, мо нуқтаҳои асосии зеринро ба инобат гирифта будем:

Аввалан, гуногунрангии фарҳангии ҷомеаи ҷаҳон, ки ҷузъи асосии ҳар гуна рушду пешрафт мебошад, сониян зарурати сарфи назар кардани дарки гуногунрангӣ ҳамчун таҳдид ба арзишҳои миллӣ ва байналхалқӣ ва сеюм эътироф намудани афзалияти мабдаи умумифарҳангӣ ба эътибор гирифта шуд, ки тамоми инсониятро дар як фарҳанги заминӣ муттаҳид месозанд.

Мусаллам аст, ки мо танҳо бо ҳифзи ваҳдати худ таҳдидҳои замони ҳозираро бартараф сохта метавонем.

Аминам, ки дарки вобастагии мутақобила ва тамомияти ҷаҳон танҳо тавассути проблемаҳои умумӣ қабул карда мешавад, ки ҷанбаъҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаи имрӯзаро ба ҳамдигар марбут месозад.

Бинобар ин эҳтироми анъанаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динии халқҳо барои ҳамзистии комили наслҳои имрӯзаю оянда бояд асоси маънавии тамоми муколамаҳо гардад. Мо дар ин маврид вазифадорем, ки масъалаи асосии оянда дар замин ба вуҷуд омадани тамаддуни ягонаи инсониро эътироф намоем.

Демократӣ сохтани ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон низ талабест, ки барои нисбатан пурратар истифода шудани имкониятҳои инсонпарваронаи ҳар фарҳанг, ҳар фард ва аз ҳама муҳимаш ҳар дин зарур аст. Зеро ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини ислом дар давоми садсолаҳо дар ташаккули маънавии инсон саҳми бузург гузошта, ба густариши тамаддуни инсонӣ мисли пештара таъсири калон мерасонанд.

Муколамаи тамаддунҳо на танҳо ҷиҳатҳои фарҳангию инсонпарварӣ дорад. Ба ақидаи ман он хеле васеъ буда, ҳамкории амалиро дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешбинӣ мекунад. Ҳадафи ин ҳамкорӣ муҳайё сохтани шароит барои сулҳи ҷаҳонӣ, шукуфоӣ, ободӣ, бақои табиат, барҳам додани чунин зуҳуроти шармандаовари ҳазорсолаи сеюм, аз ҷумла қашшоқӣ, бенавоӣ, пешгирии фалокатҳои экологӣ, рафъи мушкилоти демографӣ, мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, моҷароҷӯӣ, зӯроварӣ, нафрат ва таҳаммулнопазирӣ мебошад.

Осиёи Марказӣ умуман ва Тоҷикистон хусусан яке аз манбаъҳои асосии фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд. Дар ин ҷо таҷрибаи бузурги ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамзистии бисёр халқҳо дар давоми ҳазорсолаҳо андӯхта шудааст. Мо имрӯз ҳам тайёрем, ки дар муколамаи тамаддунҳо саҳми арзанда гузорем.

Ин ҷараёни серҷабҳа бе усули дахлдори амалӣ сохтани он имконнопазир аст. Ин усулро ғайр аз Созмони Милали Муттаҳид ягон созмони дигар ҷустуҷӯ карда ва ёфта наметавонад. Ҳамзамон мусаллам аст, ки ислоҳоти СММ амри зарурӣ мебошад. Ҳадафи он истифода ва амалӣ сохтани захираю имкониятҳои умумии инсонӣ ба манфиати оянда аст.

Изҳори умед мекунам, ки мо бо роҳи муколамаи тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳо барои муҳайё сохтани шароити беҳтари зиндагӣ барои тамоми инсоният дар маъвои умумии хеш тамоми тадбирҳоро амалӣ карда метавонем.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520