Дар нишасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мудирияти барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Камол Дарвеш масъалаи тавсеа ва густариши ҳамкорӣ бо барномаи тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид ба таври дақиқ арзёбӣ гардид.
"Барои мо,- зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,- ҳамчун кишвари дар ҳолати гузариш қарордошта, вазифаҳои барқарорсозии иқтисодиёт, бартараф намудани камбизоатӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рушди дарозмуддати инкишоф дар мадди аввал меистанд".
"Яке аз самтҳои дигари фаъолияти ҳукумат, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,- ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Ба туфайли талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ батадриҷ афзуд".
Дар вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ду барномаи бузурги дигар, аз ҷумла Барномаи идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи инкишофи ҷамоаҳоро ёдовар шуда, онҳоро намунаи самарабахши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ номид.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат дар баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардида буд, арзи сипос намуд.
Камол Дарвеш изҳор намуд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифтааст, ки дар оянда доираи ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият диҳад.