Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо валиаҳди мамлакати Арабистони Саудӣ, муовини сарвазир, вазири дифоъ ва ҳавопаймоии мамлакат Амир Султон ибни Абдулазиз

16.09.2005 06:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо валиаҳди мамлакати Арабистони Саудӣ, муовини сарвазир, вазири дифоъ ва ҳавопаймоии мамлакат Амир Султон ибни Абдулазиз мулоқот намуд.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба тамоми мардуми Арабистони Саудӣ бо сабаби вафоти Малик Фаҳд, ки аз шахсиятҳои сиёсии варзида ва обрӯманди ҷаҳон ба шумор мерафт, таъзия баён карда, изҳори умед намуд, ки аълоҳазрат Амир Султон ибни Абдулазиз роҳи шодравонро идома дода, ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳд хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки моҳи майи соли 2003-юм дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Созишномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, саёҳат, варзиш ва масъалаҳои ҷавонон ба имзо расид.

Амир Султон ибни Абдулазиз бори дигар омодагии Арабистони Саудиро ҷиҳати таҳкими муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, гуфт, ки ҷиҳати сармоягузорӣ дар инкишофи робитаҳои серҷабҳаю бисёрсамта бо Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520