Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 60-солагии ташкилёбии СММ

14.09.2005 07:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Раис!

Сарони давлату ҳукуматҳои узви СММ 5 сол пеш дар ҳамин толор садоқати хешро ба арзишҳои сулх, озодӣ ва баробарӣ баён намуда, вазифадор шуда буданд, ки барои барҳам додани қашшоқӣ ва таъмини рушду пешрафт дар саросари ҷаҳон тадбирҳо андешанд. Ин азми қавии онҳо дар Эъломияи ҳазорсола ифода ёфтааст.

Дар давоми солҳои гузашта барои ба даст овардани ҳадафҳои рушд корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд, вале ҷомеаи ҷаҳон дар ин муддат ба пешрафт пурра ноил нагардид. Айни ҳол зиёда аз як миллиард сокини сайёра дар шароити қашшоқии шадид умр ба сар мебарад, ҳар рӯз даҳҳо ҳазор нафар бачагон аз гуруснагию беморӣ вафот мекунанд, доираи проблемаҳои экологӣ ва масъалаҳои дигар торафт васеътар мегардад.

Терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва одамон имрӯз аз ҷумлаи зуҳурот ва таҳдидҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ мебошанд. Бинобар ин мо бояд ҷидду ҷаҳди якҷояро барои барҳам додани ин зуҳуроти шармовар густариш бахшем. Ёфтани ҷавоб ба саволҳои марбут ба решаҳои зӯроварии террористӣ дар ҷаҳон, сарфи назар кардани содакориҳо ва хулосабарориҳои бемавқеъ, ба зиммаи ин ё он дину мазҳаб бор кардани гуноҳҳои марбут ба терроризм дар замони имрӯза махсусан муҳим аст.

Зимни баррасии сиёсӣ ва ҳуқуқии амалиёти тарсондан ва ба воҳима андохтани аҳолии осоишта набояд ба меъёрҳои духӯра роҳ дод: зеро чӣ тавре ки террористони «мӯътадил» ва «ғайримӯътадил» нестанд, террористони «худӣ» ва «бегона» низ вуҷуд дошта наметавонанд. Ҷомеаи ҷаҳон бояд дар мубориза ба муқобили ҳар гуна шаклу зуҳуроти терроризм ба меъёрҳо ва стандартҳои ягона риоя кунад.

Чунин муносибат, инчунин дар масъалаи пешгирӣ кардани хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор зарур аст, ки манбаи таъминоти молиявии терроризм ва ҷинояткории байналхалқӣ мебошад. Дар замина аҳамият ва зарурати ташкили ҳамкории умумиҷаҳонии зидди маводи нашъадор таҳти сарпарастии СММ торафт бештар мегардад.

Ҷаноби Раис!

Гаронии қарзи хориҷӣ дар роҳи пешрафти мамлакати мо яке аз монеаҳои нисбатан ҷиддӣ мебошад. Барои мо муқаррар намудани роҳу воситаҳои сармоягузорӣ бо мақсади ҳалли проблемаи қарз, масалан, расондани кӯмак аз рӯйи принсипи «қарзҳо ба ивази рушди устувор» аҳамияти махсус дорад.

Ҳамкории минтақавӣ дар заминаи рушд нақши муҳим мебозад. Аҳамияти он дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ калон аст. Тоҷикистон густариш додан ва вусъат бахшидани ҳамгироии минтақавиро, аз ҷумла, дар доираи Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё қотеона ҷонибдорӣ мекунад.

Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки ҷалби фаъолонаи мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон ба тараққиёти иқтисодии он, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои минтақавӣ дар масъалаи барқарор сохтани иқтисодиёти ин мамлакат дар давраи баъди ҷанг шарти асосии муваффақияти тадбирҳои дар ин ҷо андешидашаванда бо мақсади истиқрори сулҳу субот мебошад.

Имони комил дорам, ки ҳамкории доманадори минтақавӣ бояд Афғонистонро низ дар доираи «Осиёи Марказии бузург» фаро гирад. Зеро мамлакатҳои минтақа барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда манфиатҳои умумӣ доранд.

Яке аз сарватҳои муҳимтарини сайёра, ки на танҳо заминаи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шоистаи иқтисодӣ мебошад, захираҳои об ба шумор мераванд. Вобаста ба ин соли 2003 Соли байналхалқии оби тоза эълон шуда буд. Мо ба ҳамаи мамлакатҳо барои ин ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ карданашон изҳори сипос менамоем.

Бо дарназардошти ҷиддияти махсуси проблемаҳои об барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷо яке аз фалокатҳои бузургтарини умумибашарии экологӣ, яъне хушк шудани баҳри Арал ба миён омадааст. Пешниҳод мекунам, ки таҳти сарпарастии СММ воситаи ҳамоҳанг сохтани ҷидду ҷаҳди созмонҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои мададрасон бо мақсади ҳар чӣ камтар сохтани оқибатҳои ин фалокат муайян карда шавад. Бо кӯмаки он ба тариқи афзалиятнок барномаи махсуси озмоишии минтақавиро барои ҳавзаи баҳри Арал бо мақсади ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола амалӣ сохтан мумкин аст.

Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки солҳои 2005-2015-ро дар бар мегирад, 22 марти соли 2005 шурӯъ шуд. Бояд гуфт, ки даҳсолаи мазкур низ бо ташаббуси Тоҷикистон эълон карда шуд.

Пешниҳод мекунам, ки соли 2010 дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои оби тоза анҷумани байналхалқӣ гузаронида шавад. Ҳадафи он додани баҳои муштарак ба амалӣ сохтани нақшаҳои мувофиқашудаи ҳалли проблемаҳои байналхалқии об мебошад.

Ҷаноби Раис!

Мо бояд тамоми тадбирҳоро андешем, ки мулоқоти ҳозираи сарони давлатҳои узви СММ дар саҳифаи таърих ҳамчун марҳалаи сарнавиштсози вусъати ҳамкории байналмилалӣ ба манфиати сулҳ ва рушд, ҳамчун намунаи имкониятҳои истифодашуда сабт карда шавад. Созмони таҷдидёфта ва қавигардидаи Милали Мутаҳҳид бояд дар ин бобат ба мо кӯмаки зарурӣ расонад.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520