Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хонаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон Раҳмат Розиқов

30.09.2005 16:30, шаҳри Бохтар

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ифодаи эҳтиром ба пирони рӯзгордида, ба хусус собиқадорони ҷангу меҳнат ба хонаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон Раҳмат Розиқов ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳмат Розиқов ва дигар собиқадорону пирони хирад барои хизматҳои шоёнашон дар назди халқу ватан, баҳри ҳифзи он аз хатари фашизми гитлерӣ, барои таълиму тарбияи наслҳои минбаъдаи Тоҷикистони азиз дар рӯҳияи ватандӯстию садоқат ва худшиносию худогоҳӣ изҳори сипос намуда, аз вазъи рӯзгорашон пурсон шуд.

Пирони барнодил низ ба Сарвари давлат барои ғамхориҳои пайвастааш нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбону бепарасторон ва мӯҳтоҷон арзи сипос намуда, барояш дуои нек карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520