Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

30.09.2005 19:00, ноҳияи Данғара

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии нақшаҳои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ба ноҳияи Данғара омад.

Сарвари давлат дар мавзеи Саргазон бо ҷараёни корҳои обёрикунӣ, ё худ азхудкунии заминҳои бекорхобида шинос шуд.

Роҳбарону масъулини соҳа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки аллакай 2500 гектар замин аз худ карда шудааст. Барои ин аз ҷониби мутахассисони тоҷику турк 20 км. канал кофта шуда, заминҳо барои кишт тахту ҳамвор карда шудаанд. Дар ин заминҳо тақрибан 4,5 ҳазор кас бо ҷои корӣ таъмин мегардад.

Имсол дар 400 гектари ин заминҳо пахта корида шуда буд, ки чинаки якуми он аллакай аз ҳар гектар 24 сентнерӣ ҳосил дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии "Муҳсинҷон" бо вазъи корҳои пахтакорӣ шинос шуда, бо мутахассисон ва аҳли заҳмати хоҷагӣ сӯҳбатҳо анҷом дод.

Зимни боздид мутахассисон дар як ниҳоли пахта 72 кӯрак ҳисоб карданд, ки ин гувоҳи ҳосили баланд аст.

Мувофиқи маълумоти роҳбари он Валиҷон Раҳимов хоҷагӣ 80 гектар замини корам ва 60 коргар дорад. Маоши коргарон аз 65 то 120 сомониро ташкил медиҳад.

Хоҷагӣ соли гузашта аз ҳар гектар пахтазор ба ҳисоби миёна 42 сентнерӣ ҳосил гирифта буд.

Имсол ҳам роҳбарияти хоҷагӣ азм дорад, ки ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 40 сентнер кам нашавад.

Сарвари давлат ба аҳли заҳмати хоҷагӣ барору комёбӣ таманно намуда, ба роҳбарияти он супориш дод, ки баҳри баланд бардоштани маоши коргарон ва беҳдошти шароити меҳнаткашон чораандешӣ кунад.

Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани мактаби № 1шаҳри Данғара ширкат намуда, лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти мактаби нави ҳозиразамони сеошёна оғоз бахшид.

 Дар ин ҷо Сарвари давлат бо шароити таълимии мактаб аз наздик шинос шуда, бо муаллимону хонандагон сӯҳбатҳои озоду самимӣ орост.

Дар ин мактаб беш аз 700 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои муҷаҳҳази компютерӣ, забонҳои русию англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ дидан намуда, таваҷҷӯҳи  ҳайати устодон ва хонандагонро ба омӯзиши дақиқи ин фанҳо равона кард.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия, ки дар бинои Театри мусиқию драмавии шаҳри Данғара баргузор гашт, ҷанбаҳои гуногуни масоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ, муваффақият ва камбудиҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мувофиқи маълумоти раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев нақшаи нӯҳмоҳаи даромадҳои давлатӣ 121 фоиз иҷро гардидааст.

Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 9 миллиону 102 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.

Дар соҳаи сохтмони асосӣ низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ҳашт моҳи соли равон маблағгузории асосӣ 30,1 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 млн. зиёд аст.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 27017 тонна ғалла, 830 тонна сабзавот, 719 тонна маҳсулоти полезӣ, 403 тонна мева истеҳсол гардид.

Саршумори чорвои ҷамъиятӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он низ зиёд шуда истодааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 4516 гектар пахта кишт карда, ният доранд, ки истеҳсоли умумии ин зироати аҳамияти бузурги стратегидоштаро ба 7000 тонна расонанд.

Дар давоми солҳои охир 9 мактаби нав сохта ба истифода дода шуд ва 8 мактаби дигар таъмири асосӣ карда шуд.

Дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида дар солҳои наздик бояд боз 3,5 ҳазор гектари дигар обёрӣ шавад.

Мувофиқи нақшаи генералӣ бошад, бояд 100 ҳазор гектар даштҳои бекорхобидаи ноҳия обёрӣ карда шавад.

Имсол танҳо 2,5 ҳазор гектар замин мавриди истифода қарор гирифта, 4,5 ҳазор ҷои нави корӣ муҳайё гашт.

Сохтмони Нерӯгоҳҳои барқию обии "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2" низ ҳазорҳо нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад.

Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки вазифаи асосии наслҳои имрӯза хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, омода кардани кадрҳои ҷавон ва мутахасисони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аст, то ки дар шароити рушду нумӯъи минбаъдаи ҷомеа мо тавонем аз ҳамаи имкониятҳои истеҳсолию технологии эҷодшаванда самаранок истифода барем.

Дар маҷмӯъ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон самарабахш ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520