9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳри Париж бо намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ Ян Кубиш мулоқот намуд.
Дар сӯҳбати озоду созанда, муҳимтарин масоили фарогири ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар маркази диққати ҷонибҳо қарор гирифт.
Ян Кубиш аз болоравии нуфузи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, раванди муваффақонаи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва таҳкими муносиботи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кулли созмону ташкилоти ҷаҳонӣ ёдовар шуда, дастовардҳои назарраси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун натиҷаи бевоситаи талошҳои дурбинона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.
Тарафҳо ба як қатор масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ низ мароқ зоҳир намуданд.