Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси ширкати бонуфузи амрикоии "Ҳибрит Кепитал Партнер" Виктор Ҳанна

17.11.2005 17:00, Тунис

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати бонуфузи амрикоии "Ҳибрит Кепитал Партнер" Виктор Ҳаннаро дар қароргоҳи муваққатии худ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин ширкати бузург, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои коммуникатсияи иттилоотӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ таҷрибаи зиёди корӣ ва сармоягузорӣ дорад, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Соҳибкори амрикоӣ изҳор дошт, ки ба Тоҷикистон ӯро бештар фазои мусоиди инвеститсионӣ, рушди демократия, заминаи хуби қонунгузорӣ барои инкишофи иқтисодӣ ҷалб мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки давлати Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодӣ сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст ва омода аст, ки бо ҳама ҳамкориҳои судбахш дошта бошад.

Ҷонибҳо барои ташкил ва рушди ҳамкориҳо дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520