Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.11.2005 14:00, шаҳри Душанбе

30 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 30 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бораи "Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" гузориши раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов шунида шуд.

Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи беҳдошти фаъолияти пулию қарзӣ дар системаи бонкии ҷумҳурӣ шумораи муштариён сол ба сол зиёд мегарданд. Миқдори муштариён аз 500 ҳазори соли 2003-юм ба 752 ҳазор дар соли 2004 ва дар даҳ моҳи соли равон ба 895 ҳазор нафар расид.

Дар муҳокимаи ин санад роҳбарони вазоратҳои молия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, саноат, иқтисод ва савдо ва дигар аъзои Ҳукумат ширкат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, иброз дошт, ки мақсади асосии сиёсати пулию қарзӣ таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пешгирии зиёдшавии сатҳи таваррум ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум аст ва афзуд, ки дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба соҳаи кишоварзӣ ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат ба лоиҳаи "Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷкистон барои соли 2006" як қатор таклифу пешниҳодҳо ворид намуда, барои танзими дурусти раванди қарздиҳӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов ва дигар шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи "Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷкистон барои соли 2006" бо назардошти эродҳо ва таклифу пешниҳодҳои Сарвари давлат ва аъзои Ҳукумат қабул гардид.

Дар ҷаласаи Ҳукумат бо назардошти таклифу дархостҳои вазири иқтисод ва савдо Ҳаким Солиев Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2006 тасдиқ карда шуд.

Баъди гузориши раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Абдулвоҳидов ва муҳокимаи аъзои Ҳукумат Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 низ тасдиқ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии ин барномаи муҳим, ки ба рушду нумӯи минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва бад-ин восита баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст, ба роҳбарияти Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳои марбут, аз ҷумла ба вазорати маориф ва дигар сохторҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар маҷлис Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи итифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 мавриди муҳокимарониҳои васеъ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили риояи ҳуқуқи заҳматкашон, саривақт пардохтани маоши коргарону деҳқонон, иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои корфармоён дар назди аҳли меҳнат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки назорати ин масоил дар тамоми ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ вазифаи асосии иттифоқҳои касаба аст ва афзуд, ки минбаъд барои пешгирӣ намудани поймолкунии ҳуқуқи заҳматкашон, пеш аз ҳама дар соҳаи пахтакорӣ, масъулини дар ин созишнома муайяншуда, бояд ҳамкории самарабахш ба роҳ монанд.

Дар ҷаласаи Ҳукумат лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ" ва "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Ҳамчунин як қатор хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Дар ҷаласа Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмиву техникӣ оид ба шартҳои амали Шӯъбаи минтақавии дар Тоҷикистонбудаи Маркази байналмилалии илмиву техникӣ, Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Низомномаи низоми ягонаи бақайдгирии шаҳрвандони давлатҳои сеюм ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мешаванд, Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба интиқоли транзитии молҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ тасдиқ карда шуданд.

Масъала дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 1625 " Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт.

Дар ин бора гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала махсус таваҷҷӯҳ карда, изҳор дошт, ки амалӣ намудани ин тадбир, яъне аз 1 -ноябри соли ҷорӣ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудани стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз қадамҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавонони донишҷӯ аст ва афзуд, ки ҷавонон ояндаи ҷомеаанд ва барои дастгирии онҳо, пеш аз ҳама, ҷавонони лаёқатманд, мо бояд ҳама тадбирҳои заруриро андешида, баҳри омода кардани мутахассисони баландпояи оянда замина муҳайё кунем.

Сарвари давлат таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили таъмир ва омодакунии хобгоҳҳои духтарони донишҷӯи бо квотаи президентӣ дохилшуда, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани омӯзиши ҳамаҷонибаи компютер ва технологияҳои иттилоотӣ равона намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди мунтазами соҳаи маориф аз самтҳои асосии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ба андозаи 130 млн. сомонӣ зиёд гаштани маблағгузории ин соҳа дар соли оянда нисбат ба соли ҷорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2006, ба тартиб даровардану гузаронидани ҳаҷ ва умра, таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор масоили муҳимми дигар низ қарору санадҳои дахлдор қабул карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили муташаккилона гузаронидани маросимҳои гуселу пешвози шаҳрвандон ба ҳаҷу умра ба роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа Ҳисаинов Содиқ Давлатович муовини аввали вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафъи мушкилоти фасли сармо ва таъминоти аҳолӣ бо газу қувваи барқ, ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, амалисозии нақшаи чорабиниҳои вобаста ба дастурҳои Сарвари давлат аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти кишвар дар соле, ки сипарӣ мегардад, татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ ва омодагӣ ба ҷашну чорабиниҳои бузурги соли оянда, аз ҷумла 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, Форуми тоҷикони ҷаҳон ва дар ин робита амалӣ намудани барномаи 12 моҳи ободонӣ ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки мӯҳлат ва сифати ба иҷро расидани онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520