Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи анҷумани тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Пекин

16.01.2007 15:00, Чин

Хонуми мӯҳтарам муовини раиси Шӯрои давлатӣ,

Дӯстони азиз, лутфан иҷозат диҳед Шуморо "хуш омадед" гуфта, ба анҷумани нахустини тиҷоратию иқтисодӣ барору комрони орзу намоям.

Ман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ташкилкунандагони анҷуман барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати гузарондани он самимона изҳори сипос мекунам.

Ҷодаи бузурги абрешим халқҳо ва мамлакатҳои моро ба ҳамдигар пайваста, на танҳо пайвандгари муҳими иқтисодӣ, балки роҳи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид. Мо бо ҳукми тақдир дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дорем ва аз ин ифтихор мекунем. Ифодаи рамзии чинӣ дар бораи он, ки "моро кӯҳҳои сарбаланд ва дарёҳои шӯхоби кӯҳистон ба ҳамдигар мепайванданд", на танҳо қаробати ҷуғрофии ҳар ду давлати моро аниқ ифода менамояд, балки қариб тамоми соҳаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи мамлакатҳоямонро инъикос карда метавонад.

Имрӯз иқтисодиёти рӯ ба инкишофи Тоҷикистон бо иқтисодиёти муттасил тараққиёбандаи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз бисёр ҷиҳат вобаста гардидааст.

Боварӣ дорам, ки мулоқоти имрӯза дар бобати муқаррар намудани соҳаҳои нави ҳамкорӣ дар байни тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин иқдоми нави муҳим хоҳад гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияташ сиёсати фаъолонаи таъмини пешрафти иқтисодиётро амалӣ месозад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҷараёни ислоҳоти фаъолонаи бахшҳои гуногун дар бобати такмил додани низоми идораи давлат давом дорад, соҳаҳои ёрирасони иқтисоди бозаргонӣ ташаккул меёбанд, фаъолияти мақомоти идораи давлат ба талаботи замон мувофиқ карда мешавад.

Қайд карданиам, ки шароити имрӯзаи ҷамъиятию сиёсӣ ва сармоягузорӣ, инчунин қабули санадҳои ҳуқуқию ва меъёрӣ аз бисёр ҷиҳат ба иҷрои вазифаҳои бамиёнгузошташуда мусоидат менамоянд.

Иштирокчиёни мӯҳтарами анҷуман, мо ба хубӣ дарк менамоем, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дар марҳалаи гузариши иқтисодӣ қарордошта ба сармоягузорӣ эҳтиёҷи калон дорад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки аз захираҳои мавҷудаи табиӣ ва инсонӣ барои таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ бо мақсади беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии мамлакат самарабахш истифода барем. Вале имкониятҳои имрӯзаи давлат имкон намедиҳанд, ки соҳаҳои асосии иқтисодиёт мувофиқи талабот дастгирӣ карда ва тараққӣ дода шаванд.

Инчунин захираҳои сектори хусусӣ, ки дар мамлакат ба тозагӣ ташаккул меёбад, нокифоя мебошанд. Бинобар ин шарти муҳими таъмини тараққиёти муттасили иқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои зикршудаи стратегӣ ба даст овардани маблағ ва истифода аз технологияҳои муосир мебошад. Ҷидду ҷаҳди сохторҳои ҳукуматӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ҳамин вазифа равона карда шудааст.

Дар робита зикр карданиам, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи шарикони чинӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат қариб 50 барномаи муштарак амалӣ карда мешавад.

Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доираҳои соҳибкории ин мамлакат махсусан изҳори сипос менамоем, ки сиёсати фаъолонаи сармоягузориро ба барномаҳои самарабахш пеш гирифта, барои амалӣ сохтани онҳо саҳми худро мегузоранд.

Ҳукумати Чин танҳо дар давоми панҷ соли охир ба мамлакати мо ба маблағи сӣ миллион доллари ИМА кӯмак расонда ё ёрии бебозгашт дода, ба маблағи бештар аз 600 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзнок додааст.

Мо ҳамроҳи созмонҳои давлатӣ ва соҳибкорони Чин бо истифода аз техника ва технологияҳои навтарин дар соли 2006 ба иҷрои барномаҳое шурӯъ кардем, ки ҳадафи онҳо рушду нумӯи соҳаҳои ёрирасон мебошад.

Яке аз ин барномаҳо тармиму таҷдиди роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ", ки сохтмони туннели "Шаҳристон" -ро бо дарозии бештар аз 5 километр, сохтмони 37 кӯпруки хурду калон ва зиёда аз 6 километр иншооти зидди ярч ва барфу тарма дар бар мегирад, сохтмони хатти баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500 - киловатаи "Шимол-Ҷануб" ва хатти баландшиддати интиқоли қувваи барқи 220 - киловатаи "Лолазор-Хатлон" мебошад.

Дар баробари ин, аз ҳисоби кӯмаки дӯстона ва беғаразонаи мамлакати Шумо туннели "Шаршар" сохта мешавад, ки ҷузъи таркибии роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад ва дарозиаш қариб 2 километр аст.

Иҷрои ин барномаҳо рафту омади нақлиётро дар давоми тамоми сол чӣ дар дохили мамлакат, чӣ дар байни Тоҷикистону Чин ва мамлакатҳои дигари ҳамсоя, инчунин роҳ ёфтан ба бандарҳои баҳриро таъмин карда, интиқоли барқро ба ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани онро имконпазир мегардонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати сари вақт ва муваффақона амалӣ сохтани барномаҳои сармоягузорӣ дар сектори ғайридавлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон бештар аз 40 корхона фаъолият дорад, ки бо ҷалби сармояи Чин сохта шудаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷиҳати хариду фурӯши мол бо Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми мубодилаи мол дар байни мамлакатҳоямон тӯли 5 соли охир 20 маротиба афзудааст. Ин натиҷаи хеле хуб мебошад.

Дар ин маврид, ба ақидаи ман, ҳаминаш муҳим аст, ки афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо такомули минбаъдаи сохторҳои онсурат гирад. Дар баробари ин гуфтан лозим аст, ки муваффақиятҳои ба даст овардаи мо ба имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳоямон пурра ҷавобгӯ намебошанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карданиам, ки муносибатҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодии мамлакатҳои мо ҳанӯз дар асрҳои VI ва VIII мелодӣ оғоз ёфтаанд. Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳокимони Суғд соли 718 ба тоҷирони чиноӣ сипари зиреҳпӯшро тӯҳфа кардаанд. Аслиҳасозони Чин аз рӯи ҳамин намуна сипари зиреҳпӯш сохта, бо он артиши мамлакати худро мусаллаҳ сохтанд. Инчунин, асбобу анҷоми аз пӯст тайёр кардашуда, маводи ороишӣ, меваҳои болаззат ва аспҳои зотии мамлакати мо дар сарзамини Чин шӯҳрати калон доштанд.

Мо имрӯз ба анъанаҳои неки ниёгонамон пайравӣ карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки муносибатҳои иқтисодии худро бештар аз пештар ривоҷ диҳем.

Бинобар ин, ба Шумо, дӯстони азиз, муроҷиат карда, гуфтаниам, ки аз ин мулоқот умедҳои калон дорам. Ин мулоқот бояд ҳамкории тиҷоратию иқтисодии моро ба зинаҳои баланд барорад, зеро ки мо барои ин тамоми имкониятҳои заруриро дорем.

Мо ба муқаррар намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии мамлакатҳоямон шурӯъ кардем. Ин, пеш аз ҳама, соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани конҳои ангишт, сохтмони нерӯгоҳҳои барқии бо ангишт коркунанда, коркарди нахи пахта ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маснуоти тайёр аз алюминий ва туризми байналхалқӣ мебошанд.

Дар ин самт ташкил намудани се минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҷойҳои гуногуни мамлакат иқдоми аввалин аст.

Ин тадбирҳо барои афзун гардондани истеҳсоли мол ва зиёд кардани ҳаҷми содироти он на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ имконият фароҳам оварда, барои ташаккул ва рушди самтҳои зикршуда заминаи мустаҳкам хоҳанд гашт.

Диққати Шуморо ҳамчун соҳаи ҳамкории самарабахш ба соҳаи асосии афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ-гидроэнергетика ҷалб карданиам.

Мувофиқи пешгӯии мутахассисон, иқтисодиёти муттасил тараққиёбандаи бисёр мамлакатҳо, пеш аз ҳама, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва мамлакатҳои дигар ба ҳаҷми хеле калони захираҳои энергетикӣ, хусусан қувваи барқ эҳтиёҷи зиёд дорад. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мамлакати мо аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Мо имкон дорем, ки дар давоми сол 527 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаваду халос.

Мо ният дорем, ки то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқро то 80 миллиард кВт-соат расонем. Дар робита масъалаи ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Афғонистону Покистон, Эрон ва мамлакатҳои дигари ҳамсоя фурӯхтани қувваи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Айни ҳол бо баъзе сармоягузорони эҳтимолӣ масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ баррасӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки ин барномаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаи калон расонда метавонанд: хароҷоти онҳо дар муддати кӯтоҳ баровардашуда, баъдан дар давоми солҳои тӯлонӣ даромади калон медиҳанд. Илова бар ин, ба туфайли сохтани сарбандҳо ва обанборҳои ин нерӯгоҳҳо имконияти воқеии бо об таъмин намудани қариб 2 миллион гектар замин дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фароҳам меояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар робита рушди соҳаи гидроэнергетикаро бо назардошти истифодаи оқилонаи захирахои об дар минтақа баррасӣ менамояд. Бо истифода аз ин фурсат, ба ширкатҳои манфиатдор пешниҳод мекунам, ки дар иҷрои ин барномаҳо саҳм гузоранд. Баъди чанд лаҳзаи суханронии ман роҷеъ ба захираю имкониятҳои соҳаи гидроэенргетикаи Тоҷикистон ва шароити ҳамкорӣ дар ин соҳа ба Шумо маълумоти муфассал дода хоҳад шуд.

Дӯстони азиз, мо аз имкониятҳои соҳибкорони чиноӣ ба хубӣ огоҳ буда, умедвори вусъат ёфтани иштироки сармояи Шумо дар бунёди корхонаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем. Чунин корхонаҳоро, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, хусусан пахта ва алюминий бунёд кардан мумкин аст. Шуморо даъват мекунам, ки ба иншооти саноати истихроҷи маъдан бевосита сармоя гузоред. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон ҳавзаҳои фаровон ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданоки маъдан мавҷуданд.

Дар хотима дар бораи соҳаи туризм низ чанд сухан гуфтаниам. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туризмро ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат шуморида, барои тараққиёти минбаъдаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Туризм барои мамлакати мо омили муҳимтаринест, ки обрӯю эътибори онро баландтар бардошта, мароқи сармоягузоронро ҷалб намуда, ба ташкили ҷойҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Камбудии асосӣ набудани соҳаҳои ёрирасони туризм мебошад. Мо тайёрем, ки дар мавриди сохтмони комплексҳои туристӣ дар Тоҷикистон дар хатти сайри Ҷодаи бузурги абрешим, аз шаҳри таърихии Панҷакент сар карда, то Помир ва баъдан то Чин ва мамлакатҳои дигар бо истифодаи ҳамаҷонибаи роҳи мошингарди "ағбаи Қулма-Қаросу" мусоидати ҳамаҷониба намоем.

Ба таври махсус таъкид мекунам, ки барқарор сохтани туризми байналхалқӣ дар Ҷодаи бузурги абрешим роҳи кӯтоҳтарин ва аз ҷиҳати иқтисодӣ муносибтарин аз Осиё ба Аврупо ва аз Аврупо ба Осиё буда, бо маълумоти нави иттилоотию рекламавӣ ғанӣ гардонидани он бояд дар оянда яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои сайёҳии мамлакати мо гардад.

Дар фарҷоми суханронии хеш қайд карданиам, ки чунин мулоқотҳо дар байни соҳибкорон ҳамеша ҳамчун воситаи ба роҳ андохтани муносибатҳои нави самарабахш, ҷалби сармоя ва вусъат додани шаклу усулҳои нави ҳамкорӣ хоҳанд гашт. Умедворам, ки анҷумани имрӯза дар ин бобат нақши муҳим хоҳад бозид.

Ҳамчунин умедворам, ки корхонаю ширкатҳо ва соҳибкорони алоҳидаи мамлакати мо дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии "ЭКСПО-2010", ки дар Шанхай баргузор мегардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он иштирок хоҳад кард, баробари корхонаю ширкатҳо ва соҳибкорони ҷаҳон намунаҳои беҳтарини маҳсулоти худро намоиш хоҳанд дод. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки мо ин мақсадҳоро аз рӯи такаббуру ҳавобаландӣ ба миён гузоштаем, вале ҳаргиз ин тавр нест ва боварии комил дорам, ки онҳо иҷрошавандаанд.

Шуморо дилпур месозам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ ва иқтисодӣ мебошад, онҳоро барои вусъат додани ҳамкории байналхалқӣ истифода мебарад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои иштироки ҳамаи соҳибкорони манфиатдори Чин дар бобати сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ шароити зарурӣ муҳайё созад.

Аминам, ки анҷумани имрӯза барои вусъат додани равобит ва таҳкими боварии соҳибкорону тоҷирони мамлакатҳоямон, ҷустуҷӯ ва дарёфти соҳаҳо ва шаклу усулҳои нави ҳамкорӣ ва имзои қарордодҳои мутақобилан муфид имкон хоҳад дод.

Ба ҳамаи Шумо барои густариш додани ҳамкории самарабахш ва равобити пурмаҳсул комёбиҳои калон орзумандам.

Ташаккур ба диққататон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520