Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ

05.05.2016 10:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат иштирок кард.

Бинои нави 15 ошёна дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буда бо тарҳу услуби нави санъати меъморӣ бунёд шудааст.

Бинои нав 108 манзили як ва ду ҳуҷрагӣ дошта баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар он зиёда аз 100 нафар корманди сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҷумла намояндагони Вазоратҳои адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва қушунҳои сархадӣ бо манзили зист таъмин мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави истиқомтиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода ба як зумра соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанвӣ шахсан калиди ҳуҷраҳо супорид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал овард, ки содиқонаю софдилона ба Ватан-Модар хизмат карда дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музафариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳамсозии зиндагии шоистаи хизматчиёни мақомоти қудратӣ ҳамчунин риояи талаботи олии меъморию шаҳрсозӣ дар ошёнаи якуми бинои нав дармонгоҳи замонавӣ бунёд шудааст, ки дар оянда 43 нафар корманди соҳаи тиб дар он ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти дармонгоҳи навбунёд, ки аз ҳуҷраҳои алоҳидаи ёрии аввалини тиббӣ, бемориҳои занона, духтури дандон, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ, утоқи ташхис ва дорухона иборат мебошад, шинос шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир намудани дармонгоҳи замонавиро иқдоми муҳим дар расидагӣ ба мушкилоти дардмандону эҳтиёҷмандони манзили навбунёд ва кулли сокинони маҳаллаҳои наздики он арзёбӣ кард.

Умуман бинои навсохт дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва ошхонаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози зарурӣ буда дар мавзеи созгори шаҳри Душанбе қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар наздиктарин масофаи он ҷойгир мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520