Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.05.2016 11:24, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо ва афсарон!
Меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушода ва сулҳхоҳонаву беғаразро пеш гирифта, қариб бо ҳамаи давлатҳои дунё  бар пояи баробарӣ, риояву эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳусни тафоҳум робитаҳои судманд барқарор намудааст.

Имрӯз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои дунё таҳкиму густариш ёфта, давлати мо инчунин ҷаҳду талоши ҷомеаи байналмилалиро дар мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, бар зидди терроризму экстремизм ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад ва дар ин раванд саҳми худро мегузорад.

Зеро бар зидди хатарҳои муосир давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагарӣ намоянд.

Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳиммоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва ба хотири таъмини ҳарчи беҳтари фаъолияти ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, воҳидҳои махсуси низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бунёди инфрасохтори зарурӣ босуръат идома дошта, масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Дӯстони арҷманд!

Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити торафт афзун гардидани таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ қарор дорад, ки чунин вазъ метавонад ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод намояд.

Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти мубраму муҳим пайдо карда, аз ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиддан тақозо мекунад, ки ба иҷрои рисолати муқаддаси худ ҳамеша бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ муносибат намоянд.

Солҳои охир Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон марҳала ба марҳала амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи он таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо аслиҳа ва воситаҳои техникии муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмат мебошад. 

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар дар арсаи минтақавию байналмилалӣ низ як қатор уҳдадориҳоро ба зимма дорад.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбиву техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва кишварҳои бо мо дӯст силсилаи санаду созишномаҳое ба имзо расидаанд, ки низоми муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарбии Тоҷикистонро бо кишварҳои дигар мушаххас месозанд.

Дар ҳамин замина ҳамкориҳои судманд бо ҳамсояи бузург ва шарики боэътимоди Тоҷикистон - Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.

 Мо робитаҳоро дар самти масоили амниятӣ, бахусус, дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, ҷиҳати мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва сепаратизм таҳким бахшида, рушди ҳамкориҳои ҳарбиву техникии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро, ки дар заминаи ҳусни тафоҳум ва фазои дӯстона ҷараён доранд, баланд арзёбӣ мекунем.

Ҳамчунин, ҳамкориҳои мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти такмили ихтисоси низомиёни тоҷик ва омода намудани кадрҳои ҳарбӣ дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шуда,  тайи солҳои 1999 - 2015 беш аз 400 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар курсҳои омӯзишии он кишвар сатҳи касбии худро баланд бардоштаанд. 

Маҳз самараи ҳамин ҳамкориҳои дӯстона мебошад, ки ҳоло мо дар маросими ифтитоҳи иншооти замонавии Кохи афсарони Вазорати мудофиа қарор дорем, ки бо дастгирии молиявии давлати дӯсти Хитой ба маблағи 122 миллион юан, баробар ба 19 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардидааст.

Сохтмони Кохи афсарон бо сифати баланд ва бо истифода аз усулҳои меъмории муосир ба анҷом расонида шудааст.

Дар иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барои қабули ҳайатҳои расмии мамолики хориҷӣ, гузаронидани ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохилӣ, китобхонаи электронӣ, толорҳои хизматрасонӣ ва варзишу солимгардонӣ, инчунин, ҳуҷраҳои кории муосир фароҳам оварда шуда, бино барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ низ хеле мувофиқ мебошад.

Зарур аст, ки шароиту имкониятҳои он мақсадноку самарабахш ва барои тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ташвиқи ғояҳои олии меҳанпарастӣ, инчунин ба хотири тақвияти ҳисси санъатдӯстиву зебоипарастии низомиён истифода карда шаванд.

Бовар дорам, ки мавриди истифода қарор гирифтани Кохи афсарон ба густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва тавсеа ёфтани ҳамкориҳои судманди Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар ду кишвар хизмат менамояд.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки ин иншооти бошукӯҳ ҳамчун рамзи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Чин дар арафаи ҷашни таърихӣ ва барои мо азизу муқаддас - биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзишманд ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, инчунин роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Дафтари корҳои байналмилалии Ҷумҳурии Халқии Хитой барои кумаки беғаразона ва саҳми арзандаашон дар самти густариши ҳамкориҳои муштарак миннатдории Ҳукумати Тоҷикистонро баён менамоям. 

Ҳамчунин, ба мутахассисон ва сохтмончиёни ширкати чиноӣ, ки дар қомат афрохтани чунин бинои зебо саҳми дӯстонаи худро гузоштаанд, арзи сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки бидуни донишҳои муосири ҳарбӣ, аз худ кардани технологияҳои навтарин, интизоми намунавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа кори басо душвор мебошад.

Бинобар ин, ба роҳбарону масъулини мақомоти низомии кишвар супориш дода мешавад, ки корҳои тарбиявию сиёсиро дар миёни ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат ҷоннок карда, хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, риояи интизоми қатъӣ, такмили малакаву маҳорати касбӣ ва омодабошии доимии ҷангӣ тарбия намоянд.

 Вазъи ниҳоят мураккаб ва пуртазоду пурихтилофи ҷаҳони имрӯза ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба чун ойина равшан аст ва тибқи таҳлилҳои мутахассисону коршиносон чунин вазъ тӯлонӣ хоҳад буд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳайати шахсии Қувваҳои Муссалаҳ зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар роҳи хизмат ба Ватан – модар, ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ва таъмини амнияти ҷомеа ва давлати Тоҷикистон бо рӯҳи матин ва интизоми оҳанин доим омода бошанд.

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи кишвар бовар дорам, ки ҳайати шахсӣ ва хизматчиёни ҳарбиву кормандони сохторҳои низомӣ, пеш аз ҳама, Вазорати мудофиаи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо ҳушёриву зиракӣ ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд ва ҳамчун ҳомиёни боэътимод вазифаи муқаддаси худро барои ҳифзи Тоҷикистони озоду сулҳпарвар ва дастовардҳои истиқлолият – неъмати бузургтарин дар ҳаёти халқи тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҷавонмардона иҷро менамоянд.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ, иродаи қавӣ ва дар адои қарзи муқаддас - ҳифзи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини амнияти миллӣ барори кор ва дили бедору рӯҳи устувор орзумандам. 

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520