Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ

15.05.2016 20:40, Кувайт

Дар шаҳри Ал Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.

Зимни мулоқот масоили марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии саёҳи дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.

Ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520