Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.05.2016 08:43, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Дар раъйпурсии навбатӣ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов, ки участкаи рақами 15-и Ҳавзаи раъйпурсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рақами 2 дар он қарор дорад, чун ҳамаи мардуми кишвар дастаҷамъона ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар участкаи раъйдиҳии мазкур 1534 нафар овоздиҳанда  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4 нафар бори аввал овоз медиҳанд.

Иштироки васеъи мардум дар раъйпурсӣ аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520