Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи департаменти давлатии ИМА, ҳамоҳангсози кӯмаки кишварҳои Аврупо ва Аврупову Осиё Карлос Паскуал ва муовини Раиси Агентии рушди байналмилалии ИМА Кент Хилл

04.02.2004 12:00, шаҳри Душанбе

4 феврал Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи департаменти давлатии ИМА, ҳамоҳангсози кӯмаки кишварҳои Аврупо ва Аврупову Осиё Карлос Паскуал ва муовини Раиси Агентии рушди байналмилалии ИМА Кент Хилл мулоқот намуд.

Дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба инкишофи устувори ҳамкориҳо бо ИМА мароқи хоса зоҳир менамояд, ки он ба туфайли робитаҳои сиёсӣ қувват гирифта истодааст.

Карлос Паскуал саҳми Президенти Тоҷикистонро дар баҳамовардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ, ваҳдату ҳамбастагии сартосарӣ пурарзишу ибратомӯз номида, илова кард, ки новобаста аз сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, болоравии нишондиҳандаҳои асосии он, дурустии сиёсати молиявӣ ва ёрии иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, аз сиёсати пешгирифтаи Сардори давлат шаҳодат медиҳад.

Ҷонибҳо ривоҷи муносибатҳои дутарафаро дар бахшҳои сиёсию низомӣ, иқтисодию гуманитарӣ ифодаи амиқи истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ намуданд.

Таъкид ёфт, ки робитаҳои ба тарафҳо афзалиятнок на танҳо ҷавобгӯи майли Тоҷикистону Амрико, балки омили муҳими суботу оромии минтақа мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон ба масоили вобаста ба ривоҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи фазои озоди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ, такмили сиёсати андоз ва ташкили ҷойҳои нави корӣ табодули афкор сурат гирифт.

Тарафҳо аз оғози корҳои сохтмонӣ дар кӯпруки болои дарёи Панҷ ва ҷудо гардидани маблағ барои таҷдиди хати парвози фурудгоҳи шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҷиҳати воридшавии Тоҷикистон ба ташкилоти умумиҷаҳонии савдо ИМА метавонад нақши муносиб гузорад, ки ин омил аз ҳар ҷиҳат ба пешрафти иқтисодии кишвар созгор хоҳад буд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббуси ИМА-ро дар бобати ба тасвиб расидани созишномаи ҳудудӣ дар мавриди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамояд. Ин иқдом дар ҷодаи пешрафти муносиботи бисёрҷониба қадами устувор аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар кори Шӯрои Амрикову Осиёи Марказӣ оид ба тиҷорату сармоягузорӣ фаъолона иштирок намояд.

Дар ҷараёни сӯҳбат, инчунин ба масъалаи амнияти минтақа,  ба хусус вазъи кунунии Афғонистон, саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии ин кишвари азиятдида ва дигар мавзӯоти муҳими байналмилалию минтақавӣ дахл карда шуд.

Ҷонибҳо изҳори умеди комил намуданд, ки дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико неку самарабахш мебошад.

Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Хоугленд ва Директори минтақавии ЮСАИД Майкл Харви иштирок доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520