Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Эдуард Россел

12.02.2004 15:00, шаҳри Душанбе

12 феврал Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Эдуард Россел мулоқот намуд.

Робитаҳои қадима, заминаи асосии рушди минбаъда ва ҳамкориҳои амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Россия  манбаи манфиатбахши халқу давлатҳои мо мебошанд, — изҳор дошт Сарвари давлат. Дар ҳамин асос ҳамкориҳои миёни воҳидҳои маъмурию ҳудудии ду кишвар дар доираи муносиботи байнидавлатӣ бояд мақоми назаррас дошта бошад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди ҳамкориҳо сиёсати  истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷударо пеш гирифтааст. Вале мавриди зикр аст, ки дар ин самт аз тадбирҳои воқеӣ дида, гуфтугузор бештар мебошад, ки албатта ташвишовар аст.

Тарафҳо бо назардошти афзалияти самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди зироатҳои кишоварзӣ, истеҳсолу коркарди муштараки нахи пахта, мошинсозии соҳаи ҳоҷагии қишлоқ, истифодаи захираҳои бойи зеризаминӣ, рушди сайру сайёҳат, куҳнавардӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии мардикорон ва ташкили маркази ахбори ниёзмандиҳои қувваи корӣ мароқи хоса зоҳир намуданд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисодӣ Комиссияи босалоҳияти корӣ таъсис дода шавад, то ки он масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои самарабахши дутарафаро мунтазам ҳаллу фасл намояд.

Ҷонибҳо таҳкими фазои умумии фарҳангию иттилоотиро талаби рӯз ҳисобида, ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангӣ, табдили барномаҳои телевизионӣ ва баргузор намудани мулоқоти муштараки соҳибкоронро зарурати воқеӣ арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520