25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев телефонӣ сӯҳбат кард.
Сарони ҳар ду давлат дар доираи музокироти доимии сиёсӣ роҷеъ ба вазъияти имрӯза ва нақшаи муносибатҳои ояндаи ҳар ду кишвар табодули назар намуданд. Зимни сӯҳбат ба проблемаҳои дорои хусусияти байналхалқию минтақавӣ дахл карда шуд. Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба гузаронидани мулоқотҳои намояндагони мамлакатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раиси Шӯрои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Сардори давлати Қазоқистон дар бораи масъалаҳои дар мулоқоти ояндаи Шӯрои мазкур муҳокимашаванда маълумот дод.