Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби генералии ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

26.03.2004 11:00, шаҳри Душанбе

26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби генералии ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тадбирҳоеро, ки бо мақсади татбиқи қарорҳои анҷумани дар шаҳри Душанбе ба даст омадаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабул гардиданд, комилан маъқул донист.

Таъкид гардид, ки дар давраи сипаришуда ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ санадҳои ҳуқуқиашро такмил дода, ҳуҷҷатҳои асосии он Оиннома ва Созишномаро дар бораи мақоми ҳуқуқии кулли кишварҳои аъзо тасдиқ намуданд, ки ифодагари қарори амиқи ҳамдастонаи амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои ин ташкилот мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Бордюжа ба натиҷаҳои амалиёти «Канал», ки имкониятҳои васеи ташкилотро дар муқовимати муштарак бар зидди хатарҳои доманадори нашъамандӣ нишон дод, баҳои мусбат доданд. Онҳо изҳори умед намуданд, ки чунин амалиётҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт. Дар мулоқот доир ба нақшаҳои рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ – техникӣ ва ҳамдастӣ дар омода намудани мутахассисон табодули назар карда шуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон вазъият дар ин соҳаҳои муҳим беҳбудӣ мехоҳад.

Тарафҳо инчунин масъалаҳои вобаста ба анҷумани дар пешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва дигар мавзӯоти алоқаманди фаъолияти ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро муҳокима намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520