Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефони бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

30.03.2004 19:00, шаҳри Душанбе

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов сӯҳбати телефони анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов бинобар сабаби амалҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки боиси ҳалокати шаҳрвандони бегуноҳ гардидааст ҳамдардии амиқ изҳор намуд. Тарафҳо ин амали даҳшатнокро шадидан маҳкум намуда таъкид сохтанд, ки терроризм ба амнияти минтақа ва сайёра таҳдид менамояд, Аз ин рӯ, торафт пурзӯр намудани муборизаи муштараки кишварҳои олам, махсусан минтақаи Осиёи Марказӣ бар зидди ин хатари ҷиддии ҷаҳонӣ амри ниҳоят зарурӣ мебошад.

Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520