Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Хоугленд

13.04.2004 11:00, шаҳри Душанбе

13 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Хоуглендро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ шуданд.

Дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба инкишофи устувори ҳамкориҳо бо ИМА мароқи хоса зоҳир менамояд, ки он ба туфайли робитаҳои сиёсӣ қувват гирифта истодааст.

Ҷонибҳо ривоҷи муносибатҳои дутарафаро дар бахшҳои сиёсию низомӣ ва иқтисодию гуманитарӣ ифодаи амиқи истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ намуданд.

Таъкид ёфт, ки робитаҳои ба тарафҳо афзалиятнок на танҳо ҷавобгӯи майли Тоҷикистону Амрико, балки омили муҳими суботу оромии минтақа мебошад.

Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин ба масъалаи амнияти минтақа,  ба хусус вазъи кунунии Афғонистон, саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии ин кишвари азиятдида ва дигар мавзӯоти муҳими байналмилалию минтақавӣ дахл карда шуд.

Ҷонибҳо изҳори умеди комил намуданд, ки дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико неку самарабахш мебошад.

Сӯҳбат дар фазои созандаю самимӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520