Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон У Хун Бин

21.04.2004 13:00, шаҳри Душанбе

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон У Хун Бинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан ба масъалаи дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин мароқ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои иқтисодӣ хеле зиёданд. Ба хусус дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, истифодаи мақсадноки захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва маъданҳои зеризаминӣ, инчунин дар бахшҳои сайру саёҳат ва илму фарҳанг ҷонибҳо имконияти мусоиди ҳамкориҳои самаранок доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими муносибати дуҷонибаю бисёрҷониба,  ба хусус дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай арзи қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҷониби Чин дар оянда низ дар ҷодаи бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, таъмини фаъолияти минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди пайвандгари Осиёи Марказӣ ба Шоҳроҳи Қароқурум корҳои судманд анҷом дода, ба  тавассути ағбаи Қулма бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои устувори хешро таҳким хоҳад бахшид.

Дар мулоқот ба муҳимтарин масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ, ба хусус раванди барқарорсозии давлати Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва амнияти минтақа таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520