Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фиристодаи вижаи Президенти давлати Фаластин Аҳмад Абдусалом Маҷдалони

22.04.2004 18:00, шаҳри Душанбе

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи вижаи Президенти давлати Фаластин Аҳмад Абдусалом Маҷдалониро ба ҳузур пазируфт.

Мо, -  изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ҳамеша ба мардуми Фаластин, ки барои барпо кардани давлати комили худ муборизаи одилона мебарад, бо назари таваҷҷӯҳ менигарем. Умедворем, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи ҷонибҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи музокирот роҳи мақбули ҳалли ин қазия дарёфт хоҳад шуд.

Дар мулоқот ба муҳимтарин масъалаҳои фарогири амнияти минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои хавфноки экстремистӣ диққати асосӣ дода шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки терроризмро дар ҳама гуна шаклҳояш, аз ҷумла дар шакли терроризми афроди алоҳида ва терроризми давлатӣ, қотеона маҳкум менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки Тоҷикистон тарафдори ҳалли одилонаи қазияи Фаластин буда, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ талош ба он мекунад, ки ҳар ду ҷониби даргир дигарбора сари мизи гуфтушунид бинишинанд, зеро танҳо музокироти сулҳ таҳти сарпарастӣ ва кафолати Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои парастор метавонад ба ин мушкилӣ хотима бахшад. Тоҷикистон дар ин ҷода кӯшишҳои худро дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон зимни Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмону сохторҳои байналмилалӣ дареғ нахоҳад дошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520