Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши ҳолати тақсимоти замин ба аҳолии деҳот дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

24.04.2004 11:00, шаҳри Душанбе

24 апрел дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши ҳолати тақсимоти замин ба аҳолии деҳот  аллакай дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида шуд.

Тавре аз кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ расид, рафти санҷиш ошкор намуд, ки аз ҷониби баъзе мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи тақсими замин бемасъулиятию ришвахӯрӣ зоҳир мешавад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ собит менамоянд, ки дар аксари шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо татбиқи муваффақонаи сиёсати аграрии ҳукумати мамлакат ва супоришу дастурҳои шахсии сарвари давлат замин ба деҳқонон бемамоният вогузор шуда, шаклҳои нави хусусии хоҷагидорӣ ба болоравии некуаҳволии мардум, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ва аз ҳисоби даромади соф таъсиси корхонаҳои хурди коркарди зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад. Вале дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар бо айби масъулини мақомоти маҳаллӣ истифодаи замин ғайриқаноатбахш ҷараён дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври қатъӣ вазифадор намудааст, ки то 1 июли соли ҷорӣ санҷиши шаҳру ноҳияҳои боқимондаро ба анҷом расонида, тариқи муфассал ба ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520