Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Григорий Рапота

26.04.2004 16:00, шаҳри Душанбе

26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Григорий Рапотаро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳои вазъи кунунии иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё мавриди таҳлил қарор гирифт.

Тоҷикистон, изҳор дошт Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон,  дар мавриди таҳкими самарабахшии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё манфиатдор аст.

Ҷонибҳо дар бораи таъсиси таърифи умумии гумрукии иттиҳод, марҳилаи аввали раванди гуфтушунид дар бобати воридшавҳ  ба ташкилоти умумиҷаҳонии савдо, вусъати сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, дарёфти усулҳои танзими захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳимми ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.

Ҳамзамон масъалаи барқарор намудани хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Москва муҳокима гардид. Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Григорий Рапота ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ин масъала дар Шӯрои сиёсати нақлиётӣ баррасӣ шуда буд ва ба кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё ирсол гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда, аз ҷумла дорои аҳамияти байнидавлатӣ иқдоми баргузории конгресси байналмилалии таҳти унвони «Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё- соҳибкорӣ дар Амрико»-ро ҷонибдорӣ намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520