Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.04.2004 18:30, шаҳри Душанбе

27 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аъзои ҳукумат дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2004-2005 гузориши вазорату идораҳои марбутаро мавриди муҳокима қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати махсус дода, таъкид кард, ки бояд ба давраи дар пешистодаи тирамоҳу зимистон аз имрӯз омодагии амиқ гирифта,  тамоми захираҳои мавҷударо истифода намоем. Таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағҳои барқу газ ва насби ҳисобкунандаҳои барқию газӣ низ хеле муҳим аст, зеро ин омили асосии пешрафти соҳа мебошад, изҳор дошт сарвари давлат.

Дар маҷлис атрофи масъалаи тадбирҳои иловагии танзими равандҳои муҳоҷирони ихтиёрӣ дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон муҳокимарониҳои муфассал ҷараён гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳдошти ҳаёту фаъолияти муҳоҷирини ихтиёрӣ ва таъмини онҳо бо оби нӯшоки масъулинро ҷиҳати ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароитҳои имтиёзнок барои додани қарзҳои хурд вазифадор намуд.

Ҳамзамон сарвари давлат бобати сохтмони ҳарчи зудтари мактабҳои замонавӣ, нуқтаҳои тиббӣ, марказҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти зарурӣ дастурҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии техногенӣ» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Ҳамзамон ду созишнома «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта дар доираи «Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё» ва «Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи танзими фаъолияти рекламавӣ» тасдиқ шуданд.

Аъзои ҳукумат ҳайати кумитаи тадорукотии «Соли тамаддуни ориёӣ»-ро тасдиқ ва доир ба гузаронидани бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон қарор қабул намуданд.

Дар ҷаласаи Ҳукумат оид ба масъалаҳои марбут ба як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла маркази иттилотии Тоҷикистон «Ховар» қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Номи маркази иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иваз карда шуд. Минбаъд Агентӣ мақоми марказии давлатии  иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси қарори Ҳукумат корхонаи истеҳсолии ҷумҳуриявии «Пилла»-и  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ҳадафи он беҳдошти соҳа, таъмини коркарди пурраи пилла дар дохили мамлакат ва таҳкими фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ мебошад.

Дар маҷлис як қатор масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамолики дуру наздики олам, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва таъмини заминаҳои ҳуқуқии ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисодиёти миллӣ баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат бобати таҳкими фаъолияти лоиҳаҳо дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, инчунин маблағҳои бебозгашт, вориди ҳарчи бештари техникаи кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, таъмини ҳавасмандии деҳқонон, пардохти саривақтии маошу нафақаи шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520