Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансе ва роҳбари нави ҳайат Питер Вингли

07.05.2004 11:00, шаҳри Душанбе

7 май Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияташ ва роҳбари нави ҳайат Питер Винглиро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот сарвари давлат ташрифи ҳайатро идомаи самаранок ва рушди ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, ки тавассути рушди он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат дар назар дошта шудааст, арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаи татбиқи муваффақона ва самарабахши соли аввали барномаи маблағгузорӣ бобати болоравии рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазамии макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар семоҳаи аввали соли 2004 шоҳиди онанд. Аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2003 9,1% зиёд гардид, ки ин болорави асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳаҳои хизматрасонӣ таъмин гардид. Ин раванд имкониятҳои буҷетиро барои дастгирии ояндаи бахши иҷтимоӣ афзун менамояд.

Тарафҳо барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таҳияи нави стратегия барои ду соли ояндаро ҷиҳати нигоҳдошти мунтазамии макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ, ки тавассути он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар назар дошта шудааст, муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин доир ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили як қатор асосҳои ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро дар татбики барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, барои ҳамкориҳои судманд ба ӯ дар корҳои ояндааш барор хоста, аз роҳбари нави ҳайат Питер Вингли барои робитаҳои боз ҳам пурсамари Хазинаи байналмилалии асъор бо Ҷумҳурии Тоҷикисон изҳори умед кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520