Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи тиҷоратию саноатии Лоҳур, ки нимаи аввали рӯзи 14-уми май баргузор гардид, ба маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили алюминий трансформаторҳо, нуриҳои маъданӣ, нерӯи барқ, бунёди корхонаҳои муштараки маводи алюминӣ, истеҳсоли намак, шакар, шарбатҳои гуногун, обҳои мева ва маъданӣ, ки метавонад фоидаи бузурги иқтисодӣ орад, мароқ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки механизми таъмини ҳамкории дуҷониба бояд такмил гардад. Зарур аст, ки фаъолияти комиссияи муштараки ҳамкорӣ хислати муназзам ва бештар амалӣ гирад. Ҳамзамон, равобити сохторҳои дигар, қабл аз ҳама палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ба назари ман бояд фаъол гардад.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои саёҳатӣ ва таърихии шаҳри Лоҳур-Мазори Иқбол, Масҷиди Подшоҳӣ, Қалъаи Лоҳур ва Боғи Шолимар дидан кард.
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон ба шаҳри Душанбе баргашт.