20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати сенати Фаронсаро ба ҳузур пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз инкишофи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои мухталиф изҳори қаноатмандии амиқ намуд. Кишварҳои мо,-изҳор дошт ӯ, - имрӯз робитаҳои ҳамбастагии самарабахш доранд, ки самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад ва дар ҳамин замина мо ташрифи ҳайати Фаронсаро фоли нек медонем.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бар асари ислоҳоти конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ бо маънои томаш парламенти комилро соҳиб гардид. Дар парламент тариқи расмӣ якчанд ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият доранд, бахусус мавҷудияти ҳизби исломӣ дар қаламрави кишварҳои собиқ иттиҳод таҷрибаи аввалин аст.
Тазаккур дода шуд, ки таҳкими робитаҳо дар сатҳи парламентҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса гардад. Изҳори умед карда шуд, ки робитаҳои байни парламентии миёни ду мамлакат вусъати нав пайдо хоҳанд кард.
Ҷонибҳо имзои созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамдастии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро, ки моҳи июни соли 2004 пешбинӣ шудааст, ифтитоҳи қуллаҳои нави ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон бо баррасии масъалаи авзои минтақа, ба хусус давлати Афғонистон дар мавриди дастгирии раванди барқарорсозиҳои иқтисодӣ ва рушди ояндаи он ба сифати давлати ягона, пешрафта ва мустақил ҳамфикрӣ баён доштанд.
Тарафҳо вобаста ба мавзуоти фарогирандаи доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба, проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар намуданд.