23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон насли умедбахши миллатро ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва садоқату дӯстӣ эътибор пайдо намудааст, табрик намуда, изҳори умед кард, ки ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеъаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми қобили мулоҳиза хоҳанд гузошт.