Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба Тоҷикистон

26.05.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 26 май Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаевро дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Сипас аз рӯи муқаррароти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев аз назди ҳайати низомиён гузашта, дар назди парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром сар фуруд овард. Сарвари давлати Қирғизистонро як қатор роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамроҳӣ менамоянд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои ҳарду ҷониб сарони кишварҳои дӯст ба қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Дар мулоқоти як ба як Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев дар фазои дӯстонаю самимӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, инчунин масоили фарогири авзои минтақа ва ҷаҳон, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, муҳокима шуданд.

Дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар бӯстонсарои ҳукуматӣ баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаевро ба Тоҷикистон ибтидои марҳилаи наву муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи ду халқи бародару ҳамсоя, ки таърихи қадимаву пурсамар доранд, арзёбӣ намуд. 

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки равандҳои ҳамгироӣ дар шароити глобализатсияи нави муосир характери бебозгашт касб менамояд. Ин омил аз кишварҳо тақозо менамояд, ки роҳҳои нави ҳамкориро дарёфт намуда, дар мавриди муқобилият бар зидди хатарҳои нави замон дар ҳамдастӣ ба ҳалли мусбати масъалаҳо ноил шаванд.

Тарафҳо тазаккур доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷонибдорони боэътимоди ҳамгироӣ чӣ дар сатҳи минтақа ва чӣ дар доираи кишварҳои собиқи шӯравӣ мебошанд.

Кишварҳои мо,-таъкид намуд, Эмомалӣ Раҳмон, - аъзои созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ буда, дар аксари соҳаҳои ҳамкорӣ манфиати баробар доранд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкониятҳои ҳамдигарро тақвият мебахшанд.

Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамо ва имкониятҳои васеи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Ҳар ду ҷониб дар мавриди рушди муносиботи миёни кишварҳо ҳамфикрии амиқ баён дошта, ёдовар шуданд, ки ҳанӯз захираҳои истифоданашуда дар доираи фарохи муносиботи дуҷониба хеле зиёданд.

Тарафҳо шабеҳияти шароитҳои иқлимию табиӣ, истеҳсолӣ ва коммуникатсионии ҳар ду мамлакатро манбаи таконбахши равобити дуҷониба маънидод сохтанд, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда равона гардидааст. Дар ҳамин асос ифтитоҳи сохтмони кӯпруки барқии миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин таҷдиду навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Ҷиргатол – Сари Тош намунаи беҳтарини ибрати иқдомоти минбаъда ва оғози нек арзёбӣ гардид.

Ҳар ду ҷониб дар мавриди мавҷудияти майдони васеи ҳамкорӣ, қабл аз ҳама дар бахши иқтисодӣ, сектори аграрӣ, саноати маъданҳои кӯҳӣ, ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, саноати коркард ва  истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дигар соҳаҳо ҳамфикрии қавӣ изҳор доштанд.

Ғанигардонии дуҷонибаи фарҳангӣ, ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди ногусастании муносиботи халқҳои тоҷику қирғиз мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар инкишофи ҳамбастагиҳои гуманитарӣ бояд мавқеи асосӣ дошта бошад. Ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Тарафҳо ба масъалаҳои минтақавӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Минтақаи мо,-изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - дар натиҷаи рӯйдодҳои солҳои охир амалан ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гардидааст. Ин ҳолат муттаҳид сохтани талошҳои ҳамаҷонибаро ба муқобили терроризм, эстремизми мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии идеологияи бегона тақозо менамояд.

Дар ин замина мақомоти қудратии кишварҳо бояд робитаҳои устувору доимӣ барқарор намуда, усулҳои самараноки ҳамдастиро дар бобати таъмини оромию субот ва амнияти кишварҳо ва дар маҷмӯъ минтақа бояд мавриди истифода қарор диҳанд.

Дар ҷараёни гуфтушунид тарафҳо ҳамзамон оид ба авзои Осиёи Марказӣ, проблемаи Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм ва дигар таҳдидҳои замон табодули назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520