Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини дабири кулли СММ оид ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ Антонио Марио Коста

27.05.2004 14:00, шаҳри Душанбе

27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли СММ оид ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ Антонио Марио Костаро ба ҳузур пазируфт.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт, Эмомалӣ Раҳмон, -  чун тамоми сайёра қочоқи маводи мухаддир ва дигар омилҳои вобаста ба он, ки ҳар рӯз мо дучор мешавем, ба амнияти миллӣ таҳдиди ҷиддӣ менамояд.      Маҳз бо назардошти ҳамин асос мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир афзалиятнок мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои раёсатҳои СММ оид ба маводи мухаддир ва огоҳкунии ҷинояткорӣ баҳои баланд медиҳад.

Қайд гардид, ки таи солҳои охир дар ҳамдастӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд, ки далелҳо шоҳиди воқеианд. 90 дарсади маводи героин, ки дар Осиёӣ Марказӣ ва 60 дарсади аз ҳаҷми умумии маводи мухаддир, ки дар қаламрави ИДМ мусодира мешаванд, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар чор соли охир 32 тонна маводи мухаддир, ки аз нисф зиёди онро героин ташкил медиҳад, мусодира гардид ва бо ҳамин роҳ 19 миллион одамон аз нашъамандӣ раҳо ёфта, миллионҳо доллар, ки ба фаъолияти манбаҳои террористӣ бояд ворид мешуд, пешгирӣ гардиданд.

Таъкид ёфт, ки ин тадбирҳои самаранок натиҷаи фаъолияти бобарори агентии оид ба назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Ин шаҳодати намунаи ҳамкориҳои СММ бо кишварҳои алоҳида дар мубориза алайҳи маводи марговари мухаддир ва муқовимат бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520