Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

04.06.2004 18:00, Россия

Нимаи дуюми рӯзи 4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Сочи мулоқоти як ба як доштанд. Сипас бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб маҷмӯи масъалаҳои фарогири ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, низомӣ ва ҳарбию техникӣ, инчунин илмию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, -дар асоси талошу хоҳишҳои халқҳои ҳар ду тараф густариш меёбанд, зеро ин ҳамкориҳо заминаи амиқи таърихӣ дошта, ба таҳкими муносибати дӯстона мусоидат менамоянд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони табиӣ, сарчашмаи асосии татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад. Ба хусус, истифодаи самараноки иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ба ҳарду ҷониб манфиати бузург хоҳад овард, - таъкид намуд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо ба мавзӯоти вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳалли масъалаҳои нерӯҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи қарзи Тоҷикистон дар назди Россия комилан ҳалли худро пайдо кард.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин афзуд, ки татбиқи амалии созишномаҳои қаблан қабулгардида дар самти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад гирифт.

Владимир Путин таъсиси консорсиуми байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯдаро боз як далели афзоиши эътимоди кишварҳои олам ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон маънидод намуда, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб, масъулини ҳукумати Федератсияи Россияро дар мавриди омодасозии санадҳои зарурии иштироки Россия дар амалияи сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда вазифадор намуд. Ин манбаи нерӯгоҳи барқӣ  на танҳо ба манфиати Тоҷикистон хизмат хоҳад кард, балки барои аҳолии мамолики дигари минтақа низ муфид хоҳад буд, - илова намуд Владимир Путин.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба масъалаи таҳкими амнияту суботи минтақа, ба хусус саҳмгузорӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон диққати махсус дода, асоси фаъолияти террористию экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз мавҷудияти сатҳи пасти иқтисодию иҷтимоӣ ва камбизоатии кишварҳо арзёбӣ карданд. Ҳар ду тараф бобати вусъати робитаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки нерӯҳои корӣ ва фароҳам овардани шароитҳои озоди додугирифту рафтуомади халқҳои ҳар ду ҷониб ба ҳамфикрии амиқ таклифҳои мушаххас баён доштанд.

Президенти Федератсияи Россия ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатии кишвараш дастур дод, ки дар ин робита маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои низомӣ ва ҳарбию техникӣ, ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муносиботи илмию фарҳангиро дар муҳлатҳои наздиктарин таҳия намуда, дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои дахлдор лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро омода созанд.

Мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Федератсияи Россия дар фазои самимию созанда хеле пурмӯҳтавою тӯлонӣ ҷараён гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дурнамои робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро бобарору серҷабҳа ва пурсамар арзёбӣ намуданд.

Ин мулоқот дар тавсеаи қавитару бисёрсамтаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии миёни Тоҷикистону Россия марҳилаи наву боварибахш оғоз намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Ин даъват аз ҷониби Владимир Путин бо қаноатмандии комил пазируфта шуд. Таърихи ин сафар тариқи робитаҳои дипломатҳ муайян карда хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520