Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Анҷумани байналхалқӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии мамлакатҳои Аврупою Осиё: тамоили рушди имрӯза ва таҳдидҳои умумибашарӣ»

18.06.2004 10:00, Қазоқистон

Субҳи 18 июн дар шаҳри Остона дар Донишгоҳи миллии Аврупою Осиё ба номи Л.Гумилев маросими ифтитоҳи Анҷумани байналхалқӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии мамлакатҳои Аврупою Осиё: тамоили рушди имрӯза ва таҳдидҳои умумибашарӣ» баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд ва сухан кард. Дар анҷуман инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Праезиденти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Качорян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва муншии умумии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё Григорий Рапота ширкат варзиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин ҷамъомади баландпоя бояд масъалаҳои муҳиме муҳокима шаванд, ки ба қаробати мавқеи мамлакатҳои дорои шароити гуногуни рушди иқтисод, суръат ва усулҳои гуногуни ислоҳот дар шароити мураккабтарини ҷараёни торафт авҷгирандаи таҳдидҳои умумибашарӣ таъсир мерасонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520