Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси даҳуми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё

18.06.2004 13:00, Қазоқистон

Ҳамон рӯз дар Қасри Президенти Қазоқистон маҷлиси даҳуми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё баргузор гардид, ки дар он танҳо сарони давлатҳои узви ҷомеа иштирок доштанд. Онҳо дар ҷараёни сӯҳбат рафти иҷрои қарорҳои дар маҷлиси пештараи Шӯрои байнидавлатӣ моҳи апрели соли 2003 дар Душанбе баргузоргардида, аз ҷумла амалӣ сохтани асосҳои сиёсати давлатҳои узви ҷомеаро дар масъалаи сарҳад муҳокима намуданд.

Ба рӯзномаи маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё масъалаҳои муқаррар намудани заминаи ягонаи таарруфаҳои ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан, иттилооти мутақобилаи давлатҳо зимни қабули онҳо ба Созмони байналхалқии тиҷорат, ташкили консорсиуми обу энергетика дар заминаи иншоотҳои энергетикии дарёи Сир дохил карда шуда буданд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё дар масъалаи хариду фурӯши коғазҳои қимматнок, ҳамкории онҳо дар соҳаи танзими фаъолият ва назорати бонкҳо дар доираи ҷомеаи мазкур дар давоми солҳои 2005 – 2006 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас, маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё бо иштироки ҳайатҳои мамлакатҳои аъзои он баргузор гардид. Дар он сарони давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.

Баъди анҷоми маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳои ниҳоиро, аз ҷумла қарордоди мақоми асосҳои қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё, тартиби таҳия, қабул ва амалӣ сохтани онҳо, Созишномаи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳод дар масъалаи хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок, қарори ҳамкорӣ дар соҳаи танзими фаъолият ва назорати бонкҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё дар давоми солҳои 2005 – 2006 имзо ва қабул карданд.

Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи ҳамкорӣ дар бобати истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикаи ҳавзаи дарёҳои Сир ва Ому ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки лоиҳаи нави созишномаи иштироки давлатҳо дар ин масъала тартиб дода шавад. Ба муншии умумии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё супориш дода шуд, ки дар масъалаи иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳияи ин ҳуҷҷат ба роҳбарияти он таклиф пешниҳод намояд.

Инчунин пешниҳоди Ҷумҳурии Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки мувофиқи он ҳукумати ин мамлакат тайёр аст имконияти иштирокашро дар анҷом додани сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи фурӯхтани автомобилҳои боркаш ва техникаи заминкан дар мавриди пардохти арзиши онҳо, инчунин хариди қувваи барқ дар мавриди қобили қабул будани арзиши он баррасӣ намояд.

Имконияти иштироки Беларус дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи Осиёи Марказӣ мувофиқи шартҳои дигар баъди таҳияи ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодӣ ва муайян намудани маблағи хароҷот ва аниқ кардани тартиби транзит ё интиқоли қувваи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима карда мешавад.

Илова бар ин, вобаста ба он, ки нерӯгоҳи аввали барқи обии Сангтӯда проблемаи қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қувваи барқ пурра ҳал намекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ якҷоя сохта шавад.

Қарор дода шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раисиашро дар раёсати Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иҷтисодии Аврупою Осиё давом медиҳад, муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон Сауат Минбоев дар вазифаи раиси Кумитаи ҳамгироии Иттиҳод боқӣ мемонад. Тибқи нақша маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё соли 2005 дар шаҳри Москва гузаронида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520