Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори анҷомёбии татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ

22.06.2004 14:00, шаҳри Душанбе

22 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори анҷомёбии татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саломатии модару кӯдак ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва хазинаи Саудии Рушд дар ҳаҷми се миллион доллари ИМА шартномаи кредитӣ ба имзо расида буд, ки мутобиқи он таҷҳизонидани пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ, барқарорсозии моддию техникӣ ва таъминот бо доруворию дигар воситаҳои зарурӣ ба нақша гирифта шуданд.

Ин тадбир дар доираи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Қаблан низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хазинаи эҳтиётии худ барои таъмиру таҷдиди ин марказ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 500 кормандони соҳибихтисос – аз ҷумла 3 профессор, 5 доктори илм, 19 номзади илми тиб ва 17 мутахассиси дараҷаи олӣ буда, дар 15 шӯъбаи он аксаран ба модарони пойтахт, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дигар минтақаҳои мамлакат, ки бар асари камхуниву дигар сабабҳои беморӣ, инчунин риоя накардани фосилаи таваллуд душворҳ  мекашанд,  хизмат мерасонад.

Дар натиҷаи талоши мутахассисони ботаҷрибаи клиника дар даҳ соли охир ҳодисаҳои фавти модарон ду маротиба кам гардид. Бо таҷдиду навсозии клиникаи мазкур акнун технологияи навтарини истеҳсоли ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ оид ба ташхису назорати тиббии навзодон, толорҳои васеъи муҷаҳҳаз, воситаҳои муосири таъминкунандаи ҳаво ва таҷҳизоти лаборатории муайянсози фишори хун барои хизматрасонии сатҳи баланди байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Гӯрӯҳи калони мутахассисон дар доираи татбиқи лоиҳа нозукиҳои истифодаи технологияи навро аз худ намуданд. Онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву мадади ҳамаҷониба изҳори сипос карданд.

То ин дам барои ба беморон додани ҳавои сунъӣ бо хароҷоти калон аз хориҷа кислород ворид карда мешуд. Ин асбобҳои пуриқтидор бошанд тамоми амалиётҳои заррурии тиббиро ба иҷро расонида, дар ҳолатҳои душвор саҳви мутахассисонро ба таври механикӣ ислоҳ менамоянд. Раванди муоинаи тиббӣ марказонида шуда аз компютер назорат ва танзим карда мешавад.

Бори нахуст дар таҷрибаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таваллуд волидайн, ҳамсар ва шахсони наздик ба зоишгоҳ роҳ дода мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо клиникаи ҷиҳозонидашуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо табибон ба масъалаҳои хизматрасонии беҳтари тиббӣ, пешгирии бемориҳои модару кӯдак,  ба тарбияи мутахассисон дар хориҷи кишвар мароқи бештар зоҳир намуд.

Соли 2000 75 % ва соли 2001  65 %-и занони таваллудкарда ба бемориҳои гуногун гирифтор гаштаанд. Аз се ду ҳисаи модарон аз  камхунӣ азият мекашанд – изҳор дошт Сарвари давлат ва афзуд, ки афзоиши ҳодисаҳои таваллуди хонагӣ ташвишовар аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои амиқ меандешад. Баланд бардоштани маош, имкониятҳои васеи такмили ихтисос дар мамолики пешрафтаи дунё ва татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ аз ҳамин қабиланд. Алҳол ба маблағӣ 22 миллион доллари америкоӣ маркази лоиҳа ба фаъолият оғоз кард, ки қадами устувор дар татбиқи ислоҳоти соҳаи тиб мебошад.

Кормандони ин маркази бузурги тиббӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунониданд, ки баҳри таъмини солимии модару кӯдак талош намуда, дар амалӣ шудани барномаҳои давлатии вобаста ба танзими оила ва беҳдошти ҳаёти солим саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520