26 июн бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар театри давлатии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли зиёи мамлакат иштирок доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд кард, ки бистуҳафтуми июн ҳар сол дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон – Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад, Ба муносибати ин иди фархунда тамоми халқи шарифи Тоҷикистонро Сарвари давлат табрик намуд.