Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар саммити навбатии Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия

29.06.2004 15:00, Туркия

28-29 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити навбатии Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия қарор дошт.

Саммити Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо даҳумин солгарди барномаи ин ташкилот «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» рост омад, ки дар татбиқи ин барнома, сарони мамолики олам, аз ҷумла нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир аст. Дар доираи ин барнома тадбирҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ ҷараён гирифта, пойдории амнияту осоиши оламро таҳким бахшиданд.

Мулоқоти сарони кишварҳои узви НАТО рӯзи 28-уми июни соли 2004 баргузор гардид. Субҳи рӯзи 29-июн бошад дар сухани ифтитоҳии дабири кулли Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Яап де Хооп Шеффер таъкид ёфт, ки «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» дар иттиҳоду ҳамбастагии мамолики сайёра, ба хусус дар муборизаи муштарак алайҳи таҳдиду хатарҳои глобалӣ такони нав дод ва афзуд, ки ҷомеаи башарӣ баъд аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар ИМА рухдода комилан дарк намуд, ки танҳо дар муттаҳидӣ метавон бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ муборизаи беамон бурд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сулҳпарвари асри навин диққати аҳли оламро бо далелу таҷрибаи ҳаёти муосир ба ҳалли ҳарчи зудтари пешгирии паҳншавии маводи мухаддир ҷалб намуд. Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон яке аз омилҳои нооромии минтақа ва ҷаҳон аз афзоиши истеҳсоли ин маводи марговар аст. Бо назардошти ҳамин асос дар маҷмӯъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва Ироқ таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир карда шуд.

Раиси ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай ба талошҳои мамолики узви коалитсияи зиддитеррористӣ баҳои сазовор дода, зикр намуд, ки вусъатнокии раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон аз ҳар ҷиҳат ба ҳалли муваффақонаи масъалаҳои мавҷудаи монеасози амну суботи ҷаҳон таъсири мусбат хоҳад расонид.

Кулли иштирокчиён, роҳбарони мамолики сулҳпарвари олам, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди решакан кардани манбаҳои асосии инкишофи терроризму экстремизм ва сепаратизми байналмилалӣ ҳамфикрии якдилона баён доштанд.

Ҳамид Карзай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо исрор даъват ба амал овард, ки дар остонаи чорабиниҳои сиёсии дарпешистода, аз ҷумла интихоботи қарибулвуқӯъ дар кишвараш барои таҳкими амнияти Афғонистон таъҷилан иқдом намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарони беш аз 50 давлати ҷаҳон бо далелу нишондиҳандаҳои асосноки вобаста ба афзоиши истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир, пурқувват намудани мавқеи нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳу мусоидаткунандаи амниятро дар Афғонистон, инчунин барҳам задани омилҳои камбизоатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароитҳои озоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёди ин кишвари азиятдидаро зарурати воқеӣ арзёбӣ кард, ки аз тарафи сарони давлатҳои олам ҷонибдории амиқ пайдо намуд.

Дар ин бора зимни сӯҳбатҳои ҷонибии хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мулоқоти Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак, Сарвазири Британияи Кабир Тони Блеер ва бо дабири Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пасси андешаҳои ҷолибу пешниҳодоти мушаххас баён гардиданд. Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, Фаронса, Британияи Кабир ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, бо дабири кулли САҲА ташкилу баргузории як қатор тадбирҳои минтақавию ҷаҳонии фарогири масъалаҳои суботу амнияти сайёра дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мувофиқа карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520