30 июн мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №1175 «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Шарҳи Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон :
Ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд; барномаҳои идоравӣ ва байниидоравиро бо назардошти мақсад ва вазифаҳои дар Барномаи мазкур гузошташуда таҳия намоянд.
Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар таҳияи барномаҳои зикргардида ба вазорату идораҳои дахлдор мусоидат намояд.
Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо бошанд, супориш гирифтанд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои ояндаи миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат, инчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар доираи маблағҳои ба вазорату идораҳои дахлдор пешбинишуда татбиқи муқаррароти Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.
Барнома барои татбиқ ва дастгирии асосҳои сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳамчун қисми асосии таркибии амнияти миллӣ равона карда шудааст.
Сатҳи умумидавлатии аҳамияти масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттамарказонии кушишҳои иқтидори илмӣ ва техникиро талаб менамояд, ки ин хусусияти давлатии Барномаро муайян мекунад.
Системаи амнияти иттилоотӣ қисми таркибии системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба воситаи такмилдиҳии асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои муҳандисию техникӣ амнияти умумии давлатиро бояд таъмин кунад.
Истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, пайвастшавии системаҳои иттилоотӣ ба шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ба таҳдидҳои ғайриқонунии дастрасӣ ба иттилоот, инчунин мушкилшавии ташкили назорати ҳолати амнияти иттилоотӣ аз тарафи давлат мусоидат менамояд.
Мақсади асосии Барнома-таъмини минбаъдаи инкишофи системаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмилдиҳии чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва муҳандисию техникӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти он, аз ҷумла дар намояндагиҳои хориҷӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии Барнома аз таҳлили ҳолати воқеии системаи амнияти иттилоотии таҷрибаи байналмилалӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии давлатҳои мутараққӣ, инчунин бо назардошти мавҷудият ба талаботи такмили сатҳи илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.