Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

03.07.2004 09:00, шаҳри Душанбе

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Александр Григоревичи мӯҳтарам, лутфан, табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати иди миллии мамлакататон қабул фармоед.

Эътимоди комил дорам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мамлакатҳоямон минбаъд ба манфиати рӯзгори осоиштаи халқҳоямон беш аз пеш равнақу ривоҷ меёбанд.

Тоҷикистон ба густариши равобит бо Ҷумҳурии Беларус ҳамеша омода аст. Мо барои вусъати босуръати ҳамкории мамлакатҳоямон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем бурд.

Ба Шумо Александр Григоревичи мӯҳтарам, саломатии комил, барору комёбӣ ва ба халқи ба мо дӯсти Беларус рӯзгори фараҳмандона ва ободӣ орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520