Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш

04.07.2004 09:00, шаҳри Душанбе

4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони Президенти ин мамлакат Ҷорҷ Буш номаи шодбош фиристод, ки дар он гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, Президент! Шумо ва тамоми мардуми Амрикоро ба муносибати иди истиқлолияти мамлакататон самимона табрик менамоям.

Ба вазъи ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар давоми солҳои охир баҳои баланад дода, изҳор карданиам, ки мо барои вусъат ва ривоҷ ёфтани ҳамкории мамлакатҳоямон дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ба инобат гирифтани манфиатҳои дуҷониба аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарем.

Ҷаноби Президент, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати Иди истиқлолияти ИМА қабул фармоед. Ба Шумо саломатию рӯзгори фараҳмандона ва ба халқи бо мо дӯсти Амрико сулҳу осоиш ва ободӣ орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520