Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусейнӣ Оғохони чаҳорум

05.07.2004 16:00, шаҳри Душанбе

5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусейнӣ Оғохони чаҳорумро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти самимию созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хазинаи Оғохон баррасӣ шуданд.

Натиҷаҳои робитаҳои мо,- изҳор дошт,  - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - хеле самарабахшу бобароранд. Ба хусус ифтитоҳи кӯпрукҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон омили муҳимми таҳкимбахши инкишофи иқтисодии кишварҳои минтақа мебошад.

Ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи муносиботи дуҷониба, роҳҳои нави истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва татбиқи амалии қарордодҳои қаблӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар вохӯрӣ ифтитоҳи бонки маблағгузории хурд аз ҷониби хазинаи Оғохон дар шаҳри Душанбе, ки асосан ба ташкилоту идораҳои хусусии хоҷагии қашлоқ хизмат хоҳад расонид, қадами устуворе дар инкишофи шаклҳои нави хоҷагидорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, паст намудани шиддати камбизоатии мардуми деҳот ва рушди соҳибкории хурду миёна арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ба дигар мавзӯоти муҳимми ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, авзои имрӯзаи ҷаҳони муосир, мубориза бар зидди терроризм ва амалҳои фоҷиабори марбути он дахл намуда, зикр сохтанд, ки танҳо суботу оромии комил баҳри рушду такомули ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварҳои сайёра мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520