Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи кӯпруки нави миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвози ВМКБ

06.07.2004 10:00, ноҳияи Дарвоз

6 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад. Дар ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистонро роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвози ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати меҳмононро муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Алимамад Ниёзмамадов, муовинони сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов, Қозидавлат Қоимдодов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ҳайати олиқадр нахуст ба мавзеи ифтитоҳи кӯпруки нави миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби раиси ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ баъди буридани лентаи рамзӣ нахустин шуда, аз болои кӯпрук қадамгузорӣ намуданд. Ба ифтихори ифтитоҳи ин шаҳпули таърихӣ аз ҳар ду ҷониб ҳазорҳо сокинони ВМКБ ва вулусволии Нисайи Дарвози Бадахшони Афғонистон ҷамъ омада буданд.

Дар он сӯи дарёи Панҷ хурду бузурги аҳли ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона хуш омадед гуфтанд. Дар ВМКБ ин дувумин кӯпруки калон аст, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон ифтитоҳ ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок ва суханрони намуда доир ба аҳамияту зарурат, дурнамои нақшаҳои стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520