Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

06.07.2004 17:00, шаҳри Хоруғ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш баъди ширкат дар маросими расмии ифтитоҳи кӯпруки нав дар болои дарёи Панҷ аз ноҳияи Дарвози ВМКБ ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ омаданд.

Дар маркази ВМКБ боз як рӯйдоди фаромӯшнопазири таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар яке аз қисматҳои зебоманзари шаҳри Хоруғ бо ҳамдастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бунёд хоҳад шуд, ки рӯзи 6 июли соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва муовини раиси ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ нахустин хишти рамзии онро гузоштанд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар он меҳмонон аз кулли манотиқи кишвар ширкат доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро пурарзишу ояндадор номид.

Дар суханронии Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон, профессор Неъматулло Шаҳронӣ баён гардид, ки аввалин Донишгоҳи соҳавии манотиқи кӯҳистон дар шаҳри Хоруғ, аз як ҷониб омили фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, аз тарафи дигар манбаи устувори тайёр кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ мегардад.

Аллакай, меъморону мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҷопонӣ дар шаҳри Хоруғ қарор дошта, ба кор оғоз хоҳанд кард. Ояндаи наздик дар ин ҷо қариб 1500 нафар донишҷӯёну устодон ва дигар кормандони илмӣ фаъолият хоҳанд кард.

Дар шароити кунунии инкишоф бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар шароитҳои душвори ҷуғрофию иқтисодӣ бунёди купрукҳои наву замонавӣ, инчунин оғози корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дастоварди умедбахшу ифодагари раванди муваффақонаи созандагию ободкорӣ мебошад, таъкид намуд  дар ҷаласаи васеи аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Танҳо дар ду-се соли охир дар қаламрави вилоят бо ҷалби беш аз даҳҳо миллион доллари амрикоӣ, як қатор иншооти муҳимми дорои аҳамияти байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Алҳол эъмори 31 иншоот, ки 26 адади он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегарданд, идома дорад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳозирин ҳамчун таҳлили воқеии ҳаёти имрӯзаи ВМКБ ва барномаи мушаххаси фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи вилоят пазироӣ гардид.

Сарвари давлат ба вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати вусъати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Помир – 1, таъмини ангиштсанг ба аҳолии Бадахшон, афзалиятнок намудани механизми додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳдошти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дар ояндаи наздик, пурра ҳал намудани масъалаи пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ду лоиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Дарвоз ба хусус дар минтақаҳои Шкев – Зиғар ва Шоғон – Зиғар мутаносибан 800 ва 200 нафар мутахассисон, ки 60 дарсади онҳоро ҷавонони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520