Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Шкев – Зиғар

07.07.2004 12:00, ноҳияи Дарвоз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ субҳи рӯзи 7 июли соли 2004 ба назди роҳсозон омада, бо шароитҳои кору истироҳати онҳо шинос гардид. Масофаи минтақаи Шкев – Зиғар 38 км ва дар асоси лоиҳа 32 миллион доллари амрикоро дарбар гирифта, маоши камтарини сохтмончиён 250 сомонӣ мебошад. Масъулони ширкати туркии Ояк – Иншаат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос бобати шароитҳои мусоиди ҳамкорӣ иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҳавасмандии мутахассисони маҳаллӣ маоши онҳо баланд бардошта шуда, онҳо минбаъд бо се вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.

Дар минтақаи Шкев – Зиғар як қатор корхонаҳои коркард, лаборатория ва манбаҳои муҷаҳҳази сохтмонӣ  алҳол дар хизмати роҳсозон қарор дошта, баъди анҷоми сохтмон дар ихтиёри вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ боқӣ хоҳанд монд. Баъди як моҳ дар ин минтақа боз як корхонаи асфалт қомат рост менамояд, ки баҳри анҷоми пурраи роҳ мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои фуромадани сели хоку санг, дар қисматҳои хавфноки роҳ деворҳои 8-6 метраи паҳнбар бунёд гардида, дар мавзеъҳои обгузар қубурҳои калонҳаҷми обпарто хобонда шудааст. Танҳо дар 38 км роҳи миёни Шкев – Зиғар 6 кӯпруки хурду бузург сохта шуда истодааст, ки ба сифатнокии роҳ таъсири мусбат хоҳад расонид.

Дар мавзеҳои Жак, Марғ ва Хостави Сарвари давлат зимни мулоқот бо сохтмончиён диққати онҳоро ба сифати баланди кор ва омӯзиши таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ ҷалб кард. Ин тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурандешонаю стратегӣ буда, оянда дар самти Душанбе-Нуробод, Қурғонтеппа – Қумсангир ва Душанбе,  Хуҷанд ҷиҳати ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати роҳ идома хоҳанд ёфт, ки ин таҷрибаи ҷавонони кишвар аҳамияту зарурати бештаре пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи дигари сохтмон Шиғон-Зиғар дар мавзеҳои душворгузари Камарбанду Девдара ҷараёни корҳои мутахассисони тоҷик ва ширкати Комбинид Текарро аз назар гузаронид. Ин ҷо дар баъзе қисматҳои роҳ аз 38 то 110 метр баландии роҳ поин фуроварда мешавад, ки ҳаракати тамоми нақлиёти мусофирбару боркашонро имконпазир мегардонад. Умуман раванди корҳои роҳсозон қаноатбахш буда, қисмати Шиғон -Зиғар моҳҳои наздик ва минтақаи Шкев - Зиғар нимаи аввали соли 2005-ум мавриди истифода қарор мегиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳсозон иттилоъ дод, ки баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе ба масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии моддию маънавии бештари сохмончиёни садоқатпеша дастур медиҳад. Мутахассисони маҳаллӣ ба Сарвари давлат бо изҳори қаноатмандию сипос аз қадрдонию таваҷҷӯҳ қавл доданд, ки дар мӯҳлати кутоҳтарин ба анҷоми муваффақонаи бунёди роҳ ноил хоҳанд шуд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовинони сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, Қозидавлат Қоимдодов, мушовири давлати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабек Нурмаҳмадов, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалол Салимов, вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайд Саидов, раиси кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуб Халифаев, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Шоирони Халқи Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ ва Гулрухсор Сафиева, инчунин намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ҳамроҳӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520