Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо устодону шогирдони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

14.07.2004 15:00, шаҳри Хуҷанд

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июли соли 2004 дар вилояти Суғд идома ёфт. Субҳи ҳамин рӯз Сарвари  давлат ба Хуррамшаҳри варзишии Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омада, бо устодону шогирдон мулоқот кард.

Ояндаи Тоҷикистон аз ҷавонони ғайратпешаву ифтихорманд аст. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ, қадрдонию арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, таърихи пурғановат ва суннатҳои арзишманди миллати куҳанбунёди тоҷик аз вазифаҳои муқаддаси Шумо устодони соҳибтаҷриба аст,- тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Алҳол барои бештар аз 12 ҳазор донишҷӯёни ин махзани донишу касбомӯзӣ шаҳраки муҷаҳҳази варзишӣ арзи ҳастӣ дорад, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду бозсозии он қувват гирифта истодааст. Бо дастур ва ҷонибдории шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои асосӣ ва дигар иншооти Донишгоҳ таъмиру таҷдид шуда, имрӯз ҳамчунин масъулин ҷиҳати анҷоми пурраи сохтмони бинои 9 ошёнаи Донишгоҳ барои истиқомати устодон вазифадор гардиданд, ки сохтмони он аз замони шуравӣ кашол меёфт. Устодон ба Сарвари  давлат барои ғамхорию таваҷҷӯҳи хоса, талошҳои пайваста баҳри инкишофи пешрафти илму маориф, таълиму тарбияи ҷавонон изҳори қаноатмандию шукргузорӣ намуданд. Дар вохӯрӣ бо донишҷуён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омузиши технологияи муосир, забонҳои хориҷӣ ва масъулияти баланди саҳмгузорӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон даъват намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520