Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз истироҳатгоҳи Сомониёни ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов барои хонандагони мактабҳоишаҳру навоҳии вилояти Суғд

14.07.2004 17:00

То ба имрӯз бештар аз 15 ҳазор мактабиёни вилоят дар истироҳатгоҳу марказҳои меҳнатию солимгардонӣ,  аз ҷумла 3000 нафар дар 28 истироҳатгоҳи беруназмактабӣ, 7326 нафар дар лагерҳои наздимактабӣ, 1713 нафар хурдсолон дар 26- истироҳатгоҳи варзишию беҳдоштӣ, 2005 нафар хонанда дар 31 маркази истироҳатию меҳнатӣ бо таътили тобистона фаро гирифта шудаанд.

Дар истироҳатгоҳи Сомониёни ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов алҳол хонандагони мактабҳои мухталифи шаҳру навоҳии вилоят баробари истироҳат ба эҷоду навоварӣ машғуланд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбат бо ин созандагони фардои кишвар ба завқи баланду талоши амиқи эҷодкорию зебопарастии онҳо баҳои баланд дод.

Хурдсолон аз ташрифи Сарвари давлат шодмонию сипос намуданд. Дар симои ҳар яки онҳо эҳсоси гарми самимияту садоқатмандӣ,  хушҳолию сарфарозӣ аз марҳилаи озоди пешрафту ободонӣ ҳувайдо буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки қисми асосии буҷети давлатӣ ҳар сол баҳри дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардида, ба хусус рушди соҳаи маорифу тандурустӣ маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва мужда расонид, ки барои таъмиру навсозии истироҳатгоҳ аз хазинаи эҳтиётии худ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд, ки ин иқдом баҳри истироҳати боз ҳам гуворои мактабиён мусоидат хоҳад кард ва афзуд, ки марҳилаи барқарорсозию ба талаботи имрӯзи ҷомеа мувофиқгардонии истироҳатгоҳҳо фаро расидааст ва дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои ҷиддӣ дар пешанд. Хурдсолон бо изҳори қаноатмандии комил ба Сарвари  давлат қавл доданд, ки бо хониши хубу аъло ва рафтори неку ахлоқи ҳамида анъанаҳои наҷиби бунёдкорию созандагиро бо шарафи бузург идома хоҳанд дод.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба анҷом расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520