Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.07.2004 10:00, шаҳри Душанбе

19 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грем Лотен эътимоднома қабул кард.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,-изҳор дошт Эмомалӣ Рахмонов, - итминони комил дорад, ки Британияи Кабир бо истифода аз таҷрибаи бойи таърихӣ дар ҷодаи ҳамкорӣ бо мамолики минтақаи Осиё дар оянда ба робитаҳои дуҷониба вусъати нав хоҳад бахшид.

Дар ин самт мо захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ дорем, тазаккур дода шуд зимни мулоқот, ба хусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, телекоммуникатсия, аз худкунии манбаъҳои минералӣ, коркарди зироатҳои кишоварзӣ ва рушди сайру саёҳат имкониятҳои ҳамкорӣ зиёданд.

Ҷонибҳо дар мавриди саҳмгузорӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ва дар ҳамин замина мусоидат ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои рушди минтақа бо ҳамфикрии амиқ таъкид карданд, ки маҳз мавҷудияти камбизоатӣ, гардиши рузафзуни ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини молиявии террористони байналмилалӣ таҳдидҳои ҷаҳониро афзун гардонида истодаанд, аз ин рӯ, бо истифода аз имкониятҳои ҳамкории мамолики минтақа қувват бахшидани раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ба манфиати амнияти минтақа ва ҷаҳон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520