Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти фабрикаи ғанигардонии маъданӣ ҶДММ "Покрӯд"

04.06.2016 11:48, шаҳри Ваҳдат

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шуруъ кард.

Фабрикаи мазкур барои коркарди маъдани куҳӣ, ки аз он тиллои хушсифат истеҳсол карда мешавад бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд шуда тибқи хулосаи мутахассисон захираи тилло дар дар он барои 35 сол пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи аввали фаъолият дар як рӯз 2 ҳазор тона маъдани кӯҳӣ дар фабрика коркард мешавад.

Дар фабрика технологияи ҳоизаразамони саноатӣ истифода гардида, ба муҳити зист зарар намерасонад. Дар наздикии майдони маъданҳо як чанд деҳа мавҷуд аст, ки аҳолии таҳҷоӣ низ ҳамчун коргар ба корҳои иктишофӣ - геологӣ ва истихроҷ ҷалб карда шудаанд. Дар маҷмуъ 715 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 510 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 205 нафар мутахассис аз Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд. Ҳангоми фаъолияти пурраи фабрикаи мазкур имкон аст, ки наздики 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида шароити созгори корӣ, аз ҷумла се вақт хӯроки гарм ва сару либоси корӣ барои онҳо муҳайё карда шавад.

 Тавре иттилоъ дода шуд дар фабрика барои хизматрасонии тиббӣ ба кормандон бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият мекунад. Дар баробари ин гурӯҳи наҷотдиҳандагон таъсис дода шудааст, ки мутахассисонаш дар ҳолати рух додани садама дар нақбҳо ва ё дигар ҳолатҳои хусусияти табииву сунъидошта кӯмаки наҷотбахширо саривақт анҷом медиҳанд. Барои омӯзиши таркиби маъданҳои ихроҷшуда озмоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар баробари мутахассисони чинӣ ҷавонони тоҷик низ ба кор ҷалб гардидаанд. Ба Сардори давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ аз соли 2012 оғоз гардида, то ба имрӯз 19 ҳазор метр нақбҳо омода карда шудааст . Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъданӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" 256 милион доллари америкоиро дар бар мегирад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомёфта ва фаъолияти хуби мутахассисони фабрикаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти сохторҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ - гелологӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ дастуру супоришҳои мушахас дод ва таъкидан изҳор намуд, ки неъматҳои табиӣ бояд самаранок ва марҳила ба марҳила ба манфиати давлату миллат истифода шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520