Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон

20.07.2004 16:00, шаҳри Левакант

Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон аз беморхонаи марказии вилоятии ҷарроҳӣ, корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и шаҳри Сарбанд, корхонаи фаръии заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетонии шаҳр ва литсейи касбӣ – саноатии кимиёи шаҳри Сарбанд дидан кард.

Алҳол дар корхонаи муштараки «Тоҷик-Азот»-и шаҳри Сарбанд 1500 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолият дошта, ин ҷо дар як шабонарӯз истеҳсоли 500 тонна нуриҳои минералӣ имконпазир гардидааст, ки аз нишондиҳандаҳои замони Шӯравӣ хеле зиёд аст. Сарвари  давлат масъулинро ҷиҳати кам намудани харидории нурӣ аз хориҷ ва ҳамкорӣ бо ин корхона дастур дод.

Торафт қувват бахшидани иқтидорҳои истеҳсолии худӣ аз ҳар ҷониб манфиатноку таконбахши иқтисодиёти миллӣ хоҳад буд. Бо назардошти ҳамин асос дар корхонаи фаръии заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетони шаҳри Сарбанд бо ҷалби 1 миллион доллари Амрико таҷҳизоти муосир насб гардида, истеҳсоли ин воситаи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Сарвари  давлат ба ин иқдоми корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон баҳои баланд дод. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзи хотирмону фаромӯшнопазири хатмкунандагони литсейи касбии саноатии кимиёи шаҳри  Сарбанд рост омад. Сарвари Давлат ба мутахассисони ҷавони соҳаи таҷҳизоти коркарди металл, нассоҷию компрессорӣ, таъмирчию челонгарони алоқа, барқ, лоборантҳои таҳлили кимиёвӣ барори кору пешравӣ таманно кард.

Ин манбаи ҳунар бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид ва ояндаи наздик бо воситаҳои зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520