Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ барои таъмири Литсеи касбию техникии №40 шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон

27.07.2004 10:00, шаҳри Душанбе

27 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои сафари кориаш ба вилояти Хатлон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири Литсеи касбию техникии №40 шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон 200000 (дусад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро аз рӯи иншооти номбурда ва намуди корҳо пешниҳод намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520